Бунёди идораи амволи давлатии Қирғизистон манзили президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоевро дар деҳаи Кой-Тош ба тавозуни давлат даровард. Дар ин бора Медер Машиев, муовини роҳбари Бунёди идораи амволи Қирғизистон хабар дод.
Машиев гуфт, ин манзил рӯзи 30 май ба тавозуни давлат дароварда шуд.
Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид, дида мешавад, вакилони мудофеи Алмосбек Отамбоев бо кормандони Бунёди идораи амволи давлатӣ баҳс доранд. Аз наздикони Отамбоев дархост шуд, ки давоми се рӯз манзилро холӣ кунанд.
"Мо бо талаби қонунӣ инҷо омадем, ин амволи давлат аст", - гуфт Канат Рисқулов, намояндаи дигари Бунёди амволи давлатии Қирғизистон.
Сергей Слесарев, вакили мудофеи Отамбоев гуфт, ки хонаводаи президенти пешин дар бораи давлатӣ кардани манзил огоҳӣ надошт.
"На мо, на хонаводаи президенти пешин ҳеч санади тасдиқкунанда надорем. Санаде ба мо диҳед, ки мо онро баҳо дода тавонем. Ҳоло шумо мегӯед, ки ин манзил давлатӣ аст. Дар кадом асос? Бе ҳузури Отамбоев шумо санад тартиб додед", - гуфт Слесарев.
Рӯзи 23 июни соли 2020 додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон Отамбоевро ба 11 солу 2 моҳи зиндон, бо мусодираи амвол маҳкум кард. Отамбоевро дар озодсозии ғайриқонунии соҳибнуфузи ҷиноӣ Азиз Батукаев аз зиндон айбдор карданд.
Нархи “утилизатсия” танҳо барои мошинҳои воридшаванда боло меравад
Рӯзи матбуоти тоҷик. Имсол ба 9 нафар ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ тақдим гардид
Имтиёзҳои андозӣ ба корфармоҳое, ки шахсони дорои маъюбиятро ба кор мегиранд
Таътили баҳории хонандагони мактабҳо чанд рӯз давом мекунад?
Сироҷиддин Насриддинов – дипломат ва аввалин сафири Тоҷикистон дар Русия 85-сола шуд
ICB рушди футболи миллиро дастгирӣ мекунад
Тоҷикистон vs Ӯзбекистон. Чемпионат ва футболбозони ду кишвар чӣ қадар нарх доранд?
Имрӯз сокинони баъзе кӯчаву хиёбонҳои Душанбе то бегоҳ бебарқ мемонанд
Ҷаримаи 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар Душанбе
Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳои хавфи пасти ифротгароӣ дохил шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста