Дар Намангон ду марде, ки шаби 10 август нусхаи дастнависи Қуръони каримро аз маҷмааи “Султон Увайси Қаранӣ” дуздида буданд, боздошт шуданд. Дар ин бора хабаргузории “Фергана” бо истинод ба хадамоти матбуоти РКД-и минтақа иттилоъ медиҳад.
Дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ба гумони даст доштан дар ин амал як сокини Намангон ва сокини ноҳияи Чартак боздошт шуданд. Нусхаи Қуръонро онҳо дар яке аз манзилҳои хонаҳои баландошёна дар кӯчаи Навоии шаҳри Намангон пинҳод кардаанд.
“Онҳо боздошт ва ба ҳабс гирифта шуданд, - омадааст дар хабар. - Ба дастнависи Қуръон осебе нарасидааст”.
Нусхаи дуздидашудаи Қуръони Карим аз абрешим соли 1874 тайёр шудааст. Баландии китоб 74 сантиметр, бараш - 51 сантиметр ва ғафсиаш - 12 сантиметрро ташкил медиҳад. Дар ҳар кадоме аз 426 саҳифаи китоб 13 сатр оятҳо навишта шудааст.
Маҷмааи «Султон Увайс Қаранӣ» дар деҳаи Баликликӯли ноҳияи Чорток ҷойгир буда, на танҳо барои сокинони Ӯзбекистон, балки барои кишварҳои ҳамсоя низ зиёратгоҳ маҳсуб мешавад. Он ба як авлиё бахшида шудааст, ки дар замони Паёмбар Муҳаммад (с) зиндагӣ мекард. Увайс Каранй зодаи Яман, тибқи ривоят, барои таблиғи ислом ба қаламрави Ӯзбекистони муосир омадааст.