Латукӯби журналисти ҷавон, аммо хеле ҳирфавии Тоҷикистон Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки ҷасорату маҳораташ барои баррасии масоили ҷиддӣ ва он ҳам дар шакли касбиву бо фарогирии майлонҳои нав басанда аст, як ҳушдори ҷиддист. Хоса дар ин шабу рӯз, ки дунёро масоили муҳим фаро гирифтааст ва дар ин давраву бо ин шева мушкил пеш овардан ба фаъолияти журналистон дар кишварҳои низомашон заиф қобили пешбинӣ буд.
Аммо, агар мо тамоми мавридҳои латукӯби журналистони тоҷикро дар 28 соли ахир баррасӣ намоем, чанд умумият ва монандиҳоеро пайдо мекунем, ки муҳим будани омили вақт ва фазоро зери суол мебаранд. Яъне барои омилони ин латукӯбҳо авомили ёдшуда муҳим нест, ки дар кадом шароит ба сар мебарем.
Хулоса аз ҳамаи латукӯбҳо ва сабаби онҳо чандто номбар шудаанд:
- Доираҳои манфиатдор дар баробари фаъолмандии журналистон заъф нишон додаанд;
- Мехостанд ба ин васила ҷомеаро аз масъалаҳои муҳим дур баранд;
- Ба воситаи ин гуна ҳолатҳо дар зеҳнияти мардум тарсзоӣ мекунанд.
Аввалин ҳодисаи латукӯби журналистон ба замони раҳбарии Раҳмон Набиев рост меояд. Баҳори соли 1992 сардабири нашрияи “Чароғи рӯз” Додоҷон Атовуллоевро дар маркази пойтахт замоне заданд, ки гирдиҳамоиҳои давомдор нав шурӯъ шуданд. Дар паи ин ҳодиса журналист ба ғайр аз захмҳои зиёди бардоштааш, ҳамчунин аз чанд дандони худ маҳрум гардид.
Бо сар шудани ҷанги шаҳрвандӣ, журналистон мисли аксарияти мардум ба қатори одамони беҳимоя дохил шуданд ва акнун латукӯб мисле, ки як ҳодисаи муқаррарӣ гардид. Аз ин хотир, шояд ягон омори дақиқ дар мавриди латукӯб қарор гирифтани ҳамкасбони мо дар он давра вуҷуд надорад. Бадбахтона, дар ин моваро беш аз 70 журналист ҷони худро аз даст дод.
Пас аз имзо шудани Созишномаи сулҳ дар соли 1997 ва то андозае ба ҳаёти муқаррарӣ ворид гардидани фазои иҷтимоии Тоҷикистон, аз ҷумла ба вуҷуд омадани матбуоти мустақил низ, мавридҳои латукӯби журналистон баъзан вуҷуд доштанд.
Масалан, латукӯби Хуршеди Атовулло дар назди хонааш дар тирамоҳи соли 1998 аз ҷониби зердастони қумандонҳои он замон иқтидорманд, ки дар паи як баҳси иҷтимоӣ ҳамсояи рӯ ба рӯяш ташкил намуд. Ману Рустами Ҷонӣ на танҳо шоҳид, балки нафароне гардидем, ки аз ин “марҳамати” қумандонҳо “бебаҳра” намондем. Раҳматкарими Давлат ва Адолати Мирзо низ дертар ин лаҳзаро шоҳид гаштанд.
Андактар Сайёфи Мизроб, ки он замон ҳамроҳ бо як корманди мақомоти амният дар “Ҷавонони Тоҷикистон” дар бораи қочоқ ва тиҷорати маводи мухаддир матлаб таҳия мекарданд, боз ҳам дар наздикии хонааш мавриди латукӯби афроди ношинос қарор гирифт. Сайёфи Мизроб ба ин бовар аст, ки ин ҳодиса ба фаъолияти журналистии ӯ дахл дорад, чун матлаби зикршуда қаблан танҳо бо имзои корманди амният ва андактар имзои мустаори “Мухбири худамон” нашр мешуду номи журналист зикр намегардид. Аммо дар шумораи ахири силсиламатлаб имзои Сайёфи Мизроб гузошта шуд. Аз он давра ҳодисаи дигареро ёд надорем.
Шояд ҳолатҳои дигар ҳам ҷой доштанд, ки расман зикр нашудаанд. Бовуҷуд аз ин ҳодисаҳо, фикр мекунам, ҳолатҳои он замонро ба сифати як навъи бархӯрд ва раванди муносибат бо журналистони Тоҷикистон баҳогузорӣ кардан душвор аст.
Бо ду далел.
Аввалан, вазъияти кишвар дар маҷмӯъ ҳанӯз пурра ба эътидол наомада буд ва аз ин имкон ҳар кас метавонист суистифода намояд.
Дуввум, матбуоти он давра то ин ҳад таъсиргузор набуданд, ҳадди ақалл матбуоти ҷиддиаш. Худи журналистони латукӯбшуда ҳам шояд то охир бовар надоштанд, ки ҳодисаҳои рухдода маҳз ба фаъолиятҳои касбии онҳо марбут бошад.
Вале матбуоти соли 2003-2004 аз лиҳози контент ва муҳтаво комилан дигар гашта буд. Ҳатто гуфтан мумкин аст, ки матбуоти сиёсӣ муайянкунандаи хати маши муҳтавои нашрияҳои дигар ва ҳамин тавр фазои иҷтимоии кишвар гардид. Дар ҳамин давра инҷониб, ки муассис ва сардабири нашрияи “Рӯзи нав” будам, зимни як сафар ҳамроҳ бо масъули техникии ҳафтанома дар шаҳри Хуҷанд, 18 январи соли 2004 бори аввал мавриди латукӯби ашхоси номаълум қарор гирифтем. Аммо дар ин бора расман чизе нагуфтем. Яке аз сабабҳои ошкор накардани ҳодисаи мазкур ба он вобастагӣ дошт, ки дар натиҷа метавонист хонандаи рӯзафзуни нашрияро як қадар эҳтиёткор ва ҳатто аз хондани “Рӯзи нав” дар ҳолати тарсзоӣ қарор бидиҳад. Ҳарчанд дар ин бора ҳамкасбони мо, аз ҷумла кормандони “Вароруд”, ки як шаб иҷборан аз хонаи иҷора ба он ҷо ҷон ба саломат бурдем, огоҳ буданд. Дар фурудгоҳи Хуҷанд вақте “таваҷҷуҳи махсуси” мақомотро эҳсос намудем, маҷбур шудем ба намояндагони созмонҳои байналмилалӣ дар Душанбе хабар бидиҳем, то дар фурудгоҳи Душанбе моро пешвоз бигиранд. Дар бораи ин ҳодиса хонандаи нашрия ва ҳамин тавр ҷомеа хабар наёфт. Мафҳуми он замон машҳури “фақат сарашба зан” маҳсули ҳамон ҳодиса аст, ки аз забони ҷинояткорон дар шаби сарди 18-уми январи соли 2004 садо медод.
Дар бораи ҳодисаи аввал мо танҳо вақте хабар додем, ки маротибаи дуввум дар таърихи 29 июли соли 2004 инҷониб дар наздикии хонаам дар Душанбе мавриди сӯиқасд ба ҷон қарор гирифтем. Ҳодисаи дуввумро ман ҳамеша ҳамчун сӯиқасд ба ҷон эълом кардаам, бо ду сабаб.
Якум, аз лиҳози шакли бархӯрд, яъне истифода шудани оҳанпора ҳангоми задан ба фарқи сар, ки ба гуфтаи духтурон, метавонист хеле хатарзо бошаду барои нобуд шудани инсон мусоидат намояд.
Дуюм, муносибати кормандони милиса, ки дар ибтидо дар кӯча ҳарчанд маро бо сару рӯи хуншор медиданд, аммо эътибор намедоданд ва баъдан ҳам, ки бо худ гирифта бурданд, ба ҷои ба касалхона бурдану расонидани ёрии аввали тиббӣ, ба шуъбаи корҳои дохилӣ бурдаву аз ман баёнот мегирифтанд. Онҳо танҳо пас аз он ин амалашонро қатъ карданду маро ба касалхона бурданд, ки гурӯҳе аз дӯстон аз ҳодиса бохабар шуда, ба ШКД омада, барояшон гапҳои сахт гуфтанд. Ба гуфтаи духтурон, рафтани хуни бисёр ҳам метавонист боиси марги инҷониб гардад. Бо пайдо шудани шубҳаи зиёд дар гирду атроф маҷбур гардидам, ки забонхате дар касалхона навишта, ҳамон шаб бо гирифтани ҷарроҳии сабук ба хонаам биравам, на ин ки дар касалхона боқӣ монам.
Субҳи рӯзи дигар ин ҳодиса сарусадои зиёдро ба вуҷуд овард. Аз ҷониби ҳамкасбон ва созмонҳои журналистии дохилу хориҷ ва сафорату созмонҳои байналмилалӣ изҳоротҳои паёпай нашр шуданд. Кормандони “Рӯзи нав” водор шуданд, варақаи махсус чоп карда, ба таври ройгон дар байни мардум паҳн кунанд, чун овозаҳои гуногун пароканда гардид.
Маҳз ҳамин ҳодиса, ки баъди тақрибан як моҳаш нашри то ин замон ҳам мушкили нашрия якбора номумкин гардид, боис ба гуфтугӯҳо дар ин бора гашт, ки дар Тоҷикистон марҳалаи дуввуми бархӯрд ба журналистон, яъне латукӯби онҳо фаро расидааст ва бо ҳамин роҳ мехоҳанд дар дили журналистон ва мардум тухми тарс бикоранд.
Баъд як “марҳалаи таътил” пеш омад. Ин ба замоне дуруст омад, ки пас аз мушкил пеш овардан дар нашри “Рӯзи нав”, “Нерӯи сухан”, “Одаму олам” ва “Адолат” мақомот тақрибан ду сол ягон нашрияи навро сабти ном накарданд. Солҳои 2005-2006 нашрияҳои нав – “Миллат”, “Нигоҳ”, “Фараж”, “Озодагон” пайдо шуданд ва оҳиста-оҳиста ҷуръат ҳам дар онҳо ҷо ёфт. Маҳз дар ин давра маҷмӯан 6 ҳодисаи латукӯби журналистон иттифоқ афтод.
Аз ҷумла, дар таърихи 5 октябри соли 2007 муҳаррири нашрияи “Тоҷикистон” Маҳмадалии Мақсадулло, 31 августи соли 2011 Хуршеди Атовулло, 7 феврали соли 2011 Ҳикматулло Сайфуллозода – сардабири нашрияи феълан чопаш мамнӯи “Наҷот”, ки худаш ҳоло дар маҳбас қарор дорад, Далер Шарифов, ки низ ҳоло дар зиндон аст ва он вақт хабарнигори шабакаи телевизионии “Сафина” буд, дар таърихи 7 майи соли 2012, сухангӯи Кумитаи гумрук Абдураҳими Умариён дар таърихи 27 феврали соли 2013 ва Доро Суҳробӣ дар таърихи 18 сентябри соли 2016.
Ҳамчунин 5 майи соли 2012 сарвари Ҷамъияти ӯзбекҳои вилояти Хатлон Салим Шамсиддинов мавриди ҳамлаи одамони номаълум қарор гирифт. Баъдан ӯ изҳор намуд, ки ин ҳодисаро паёмади мусоҳибааш дар нашрияи “Миллат” медонад. Воқеан, ин нафар баъдан умуман нопадид гашту дигар зинда будан ё маргаш номаълум монд.
11 майи ҳамон сол нависандаи шинохта, равоншод Равшани Ёрмуҳаммад – падари вакили мудофеи пурсарусадо Бузургмеҳр Ёров низ дар наздикии хонааш латукӯб шуд. Баъдан ин гуна фарзияҳо пеш омад, ки зада шудани нависандаи пиронсол ба фаъолмандии писараш дар ВАО иртибот мегирад.
Аммо аз ин 9 ҳодисаи зикршуда ба 3 ҳолат, фикр мекунам, таваҷҷуҳи хос додан зарурат дорад.
Яъне латукӯби инҷониб дар соли 2004, Ҳикматулло Сайфуллозода дар соли 2011 ва Далер Шарифов дар соли 2012. Зеро ин се ҳолат бархе гиреҳҳои нокушода ва баъзан монандиҳо доранд.
Аз ҷумла, ҳам дар ҳолати Сайфуллозода ва ҳам Далер Шарифов аввал хабаре паҳн гашт, ки кормандони милиса гӯё нафаронеро ҳамчун гумонбар дар ин ҷиноёт боздошт кардаанд, вале баъдан ин гуфтаҳо рад шуданд.
Латукӯби ману Далер, агар шабона иттифоқ афтода бошад, аз Сайфуллозода субҳи барвақт, аммо дар ҳама ҳолат дар наздикии манзили зист.
Далер Шарифов дар мусоҳибаҳои аввалинаш изҳор намуд, ки пешопеши ин ҳодиса дар телефон ва почтаи электрониаш паёмҳои таҳдидомез гирифтааст.
Инчунин ҳам дар ҳодисаи латукӯби ман ва ҳам Далер аз беэътиноии духтурон шикоятҳо ҷо дошт.
Ду ҳодиса – латукӯби ману Сайфуллозодаро Абдураҳим Қаҳҳоров шахсан зери назорат гирифт. Дар ҳолати ман ҳамчун муовини аввали вазир ва дар ҳодисаи дуввум ҳамчун вазири корҳои дохила. Вале то имрӯз аз омилони ҳодиса дар ҳеч куҷо хабаре нест. Вазири феълӣ Рамазон Раҳимзода баробари омаданаш дар як нишаст ваъда дод, ки парвандаҳоро аз нав ба баррасӣ мегирад, вале аз байн чанд сол гузашта бошад ҳам, танҳо як маротиба ва он ҳам чандин сол пеш маро барои суҳбат даъват карда буданду халос. Аз байн бошад, 16 сол гузашт. Ҷиддан ба ин масъала машғул нашудани мақомот тахмину гумонҳои гуногун ва овозаҳоро ба миён меорад.
Пас журналистон бояд чӣ кор кунанд?
Соли 2011 дар як нишасти байналмилалии вобаста ба таҳдид, латукӯб ва куштори журналистон, ки бо ташаббуси САҲА дар Рига баргузор шуда буд, пешниҳод кардам, ки созмонҳои байналмилалии бонуфуз рӯйхати кишварҳоеро, ки дар онҳо журналистонро латукӯб кардаанд, ё кушта шудаанду ҷинояткорон ёфт нашудаанд, тартиб дода шавад ва то замони пайдо нагардидани омилон номи ин кишварҳо бо ранги сиёҳ зикр ёбад. Таваҷҷуҳ ба ин пешниҳод хеле ҷиддӣ буд, аммо баъдан ибтикоре пеш наомад.
Пас аз зада шудани Доро Суҳробӣ – як коромӯзи нашрияи “Фараж” пешниҳод намудам, ки ҳамкасбони мо аз усули “шиканҷаи нарм” кор бигиранд. Яъне то замони ҳалли мунсифонаи қазия ин ҳодисаро бо зикри номи он милисаи шиканҷагар дар сархати хабарҳо бигзоранд.
Бигзор ҳам аз нигоҳи қонун посух гӯяд, ҳам зарари маънавӣ бинаду дар карераи касбиаш асар гузорад. Ин натиҷаи беҳтари қонуният хоҳад буд. Вале бо пайдо гаштани сабабҳои субъективӣ дар ин ҳодиса ин пешниҳод ҳам, ҳарчанд ҷонибдорӣ ёфт, аммо идомаи мантиқӣ пайдо накард.
Бовуҷуд, дар ҷомеаи Тоҷикистон, то латукӯби Ғурбатӣ зиндон кардани Далер Шарифов пеш омад. Акнун мегуфтанд, ки навҳаи бархӯрд бо журналистон, яъне латукӯби ҳамкасбонамон бо ҳамин анҷом ёфта, ба марҳалаи дигари бархӯрд, ки онро “бархӯрди маданӣ”, яъне баррасии масъалаву мушкил аз тариқи роҳҳои қонунӣ дар мурофиаҳои судӣ ҳам меноманд, рӯ ба рӯ шудаем.
Пас ҳоло маълум мешавад, ки дар ин баҳо шитоб доштаем?
Ин матлаб аз торнигори “Рӯзи нав” бо Раҷаб Мирзо бознашр шудааст ва дидгоҳи шахсии муаллиф аст.
Тарзи интихоб, синну сол ва пули чипта. Ҳамаи шартҳои сафар ба Корея маълум шуд
Freedom Finance Global: Дар Тоҷикистон эътимоди истеъмолкунандагон паст мешавад
Омӯзгор огоҳ карда шуд. Вазорати маориф навори сарзаниши хонандагон аз ҷониби омӯзгорро шарҳ дод
“Рақаму рамзи кортро надиҳед”. Ҳушдори Амонатбонк ба муштариён аз фаъолшавии қаллобон
Таҳқиқот: Дар Тоҷикистон рушди логистика начандон қаноатбахш аст
РМА-и электронӣ чист ва чӣ тавр метавон онро ба даст овард?
Дар Украина “Осори мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ бо забони украинӣ нашр шуд
То соли 2050 Осиёи Марказӣ метавонад сеяки пиряхҳои худро аз даст диҳад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Даббоғ ва бӯйи атр”
Тоҷиддин Мардонӣ, шарқшиноси тоҷик ва сафири пешини Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Туркманистон аз олам даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста