Дар маҷмааи гуштии «Зӯрхона»-и шаҳри Душанбе устодони навъҳои гуштии кендо ва дзюдо аз Ҷопон барои варзишгарони тоҷик машғулиятҳои кушод доир намуданд.

Зимни сухаронӣ дар оғози маросим сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Хаджиме Китаока изҳор намуд, ки нақши варзиш дар таҳкими дӯсти миёни мардуми кишвар арзанда аст.

Дар ин чорабинӣ ҳамчунин гуштигирони навъи дзюдо аз ноҳияи Ваҳдат низ ширкат варзиданд, ки аз ҳунари онҳо ҳозирин таассуроти хуб бардоштанд. Дар хотима намояндагони Федератсияи варзиши маъюбони Тоҷикистон низ бо ҳам рақобат карданд.