Хонандаи синфи шашуми Мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе Хуршед Муртазоқулови 12-сола  Тоҷикистонро дар бозиҳои «Футбол барои дӯстӣ»  (Football for Friendship) намояндагӣ мекунад.

Бино ба маълумоти АМИТ «Ховар», ин мусобиқа дар Санкт-Петербурги Россия аз 26 июн то 3 июли соли равон баргузор мегардад.,  муаррифӣ менамояд. Ташаббуси мазкур аз ҷониби ҶСО «Газпром», ки шарики асосии ФИФА ва Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол -2018 мебошад, роҳандозӣ шудааст.

Гуфта мешавад, Амина Конурбаева, роҳбари лоиҳаи «Футбол барои дӯстӣ»  дар Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ дар нишасти хабарӣ дар мақомгоҳи ФФТ арз кардааст, ки мақсади асосии лоиҳа- ин ривоҷу равнақи футбол байни кӯдакон, тарғибу ташвиқи ҳаёти солим, таҳаммулпазирӣ ва дӯстӣ мебошад.

Аз рӯи гуфтаи Амина Конурбоева, имсол  шумораи кишварҳое, ки ба ин барнома пайвастаанд, хеле зиёд гардида, аз 32 ба 64 давлат  расидааст ва Лоиҳа футболбозони навраси чор қитъа  Африка, АвруОсиё, Америкаи Ҷанубӣ ва Шимолиро ба ҳам меорад.