Дар рейтинги нави Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА), ки санаи 15 март ба нашр расид, мунтахаби футболи Тоҷикистон  1 зина боло рафта, бо 255 имтиёз зинаи 124-умро ишғол мекунад.

Рейтинги навбатии Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) санаи 12 апрел ба нашр мерасад.

Миёни 46 дастаи мунтахаби Конфедератсияи футболи Осиё мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи 22-юм қарор дорад.

Қобили зикр аст, ки мунтахаби футболи Тоҷикистон моҳи гузашта ягон вохӯрии расмӣ нагузаронидааст. Вохӯрии даври охири мусобиқаи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» байни дастаҳои Филиппин ва Тоҷикистон санаи 27 март дар Манила баргузор шуда, соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (16:30 - вақти Душанбе) оғоз мегардад.

Пеш аз даври охир дар ҷадвали мусобиқа дар гурӯҳи «F» дастаи Филиппин пешсаф аст, ки 9 имтиёз дорад. Дастаҳои Яман ва Тоҷикистон бо касби 7-имтиёзӣ дар зинаҳои дуюм ва сеюми ҷадвал қарор доранд.

Барои роҳ ёфтан ба даври ниҳоии мусобиқаи Ҷоми Осиё-2019, ки моҳи январи соли оянда дар Амороти Муттаҳидаи Араб доир мегардад, дар бозӣ бо соҳибони майдон - тими Филиппин ба мунтахаби Тоҷикистон танҳо ғалаба зарур аст.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.