Дар Чемпионати ҷаҳон ва Осиё оид ба марафони қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ дар шаҳри Шаосинги Чин варзишгари Тоҷикистон Шаҳриёр Даминов дар каноэи якнафарӣ (С1) ба масофаи 25,90 километр сабқат карда, бо натиҷаи 2:18:47.86 сазовори медали биринҷии Чемпионати Осиё шуд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Шаҳриёр бо ин натиҷа дар сатҳи ҷаҳон миёни 20 нафар аз 12 кишвар ҷойи 11-умро ишғол кард.
Гуфта мешавад, миёни варзишгарони Осиё нишони тилло насиби қайиқрони мизбон Йонгжуанг Суй бо натиҷаи 2:14:45.36 ва медали нуқра насиби варзишгари Ҷопон Такаюкӣ Кокаҷӣ бо натиҷаи 2:15:50.40 гардид.
“Медали тиллои Чемпионати ҷаҳонро Мануэл Кампос аз Испания (2:05:31.65) ба даст овард. Варзишгари Чех Яқуб Брезина (2:05:42.04) ҷойи дуюм, варзишгари Русия Кирил Шамшурин (2:05:50.13) мақоми сеюмро ишғол карданд”, - омадааст дар маълумот.
Ёдовар мешавем, ки Шаҳриёр Даминов 17-уми октябр дар каноэи якнафарӣ (С1) ба масофаи 3600 метр сазовори медали нуқраи Чемпионати Осиё гардида буд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.