Портали олмонии Transfermarkt нархи умумии бозингарони мунтахаби футболи Тоҷикистонро 6,73 млн евро арзёбӣ кард.
Ин рақам 1,45 млн евро зиёдтар нисбат ба соли гузашта аст, ки он вақт футболбозони тими миллии Тоҷикистон 5,28 млн евро нархгузорӣ шуда буданд.
Гаронтарин футболбозони мунтахаби Тоҷикистон Парвизҷон Умарбоев, нимҳимоятгари тими "ЦСКА-1948"-и Булғористон ва Алишер Ҷалилов, бозингари дастаи “Истиқлол”-и Душанбе мебошанд, ки нархи ҳар кадоме аз онҳо дар бозор 650 ҳазор евро арзёбӣ мешавад.
Байни дастаҳои аъзои Конфедератсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) гаронтарин дастаи мунтахаб Эрон дониста шуда, коршиносони олмонӣ арзиши умумии онро 65,45 млн евро муайян кардаанд. Аз рӯи арзиши бозингарон мунтахаби Эрон дар ҷаҳон зинаи 57-ум ва дар қораи Осиё - мақоми 3-юмро ишғол мекунад.
Мунтахаби футболи Ӯзбекистон 30,80 млн евро арзёбӣ шуда, аз рӯи ин нишондиҳанда дар ҷаҳон дар мақоми 71-ум ва дар Осиё - дар зинаи 5-ум қарор гирифтааст.
Тибқи фарзияи Transfermarkt, мунтахабҳои боқимондаи минтақа, аз ҷумла тими миллии Тоҷикистон ба садгонаи аввал (ТОП-100)-и дастаҳои арзишашон нисбатан гарон дохил нашудаанд. Портал мунтахаби футболи Қирғизистонро 8,03 млн, Афғонистонро - 2,01 млн ва Туркманистонро - 1,90 млн евро арзёбӣ кардааст.
Дастаи Қазоқистон, ки ба фарқ аз дигар тимҳои минтақа дар УЭФА бозӣ мекунад, 19 млн евро нархгузорӣ шудааст.
Гаронтарин мунтахаби футболи ҷаҳон Англия дониста шудааст, ки арзиши футболбозони он то 1,17 млрд евро расидааст. Ба сегонаи аввали гаронтарин мунтахабҳои футбол ҳамчунин Фаронса (1,14 млрд евро) ва Португалия (925,50 мл евро) шомил шудаанд. Чемпиони амалкунандаи ҷаҳон - Аргентина дар зинаи 7-ум (645 млн евро) қарор дорад.
Миёни дастаҳои кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) зинаи аввалро аз лиҳози арзиши футболбозон мисли пешина Украина (259 млн евро ва мақоми 21-ум дар ҷаҳон) ишғол мекунад.
Дар қораи Осиё гаронтарин дастаи мунтахаби футбол Ҷопон арзёбӣ шудааст, ки бозингаронаш дар умум 179,50 млн евро нарх дошта, аз рӯи ин нишондиҳанда даста дар ҷаҳон мақоми 32-юмро касб мекунад.
Футболбозони мунтахаби Русия, ки айни замон зери таҳримҳо қарор дорад, 148,90 млн евро арзёбӣ шуда, аз рӯи ин нишондиҳанда мақоми 36-умро дар ҷаҳон ишғол кардаанд.