Дар даври дуюми мусобиқоти Ҷоми Миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA Nations Cup-2023) дар гурӯҳи «А» мунтахаби футболи Тоҷикистон бо тими Уммон бозӣ кард.
Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, вохӯрӣ мусовӣ - 1:1 анҷом ёфта, футболбозони тоҷик қариб пурра дар қисми дуюми бозӣ 10 нафар бозӣ карданд, зеро дар дақиаи 52-юм Табрез Исмоилов аз майдон хориҷ шуд.
Ҳисобро дар дақиқаи 14-уми бозӣ бо зарбаи 11-метра футболбози Уммон Саллаҳ Ал-Яҳёӣ боз намуда, як дақиқа пеш аз анҷоми қисми 1-ум Ваҳдат Ханнонов ҳисобро баробар кард. Ҳарчанд аз дақиқаи 52-юм футболбозони тоҷик 10 нафар бозӣ карда бошанд ҳам, ҳисоби мусовиро нигоҳ дошта тавонистанд.
Дар бозии дигари гурӯҳи “А” мунтахаби Ӯзбекистон тими Туркманистонро бо ҳисоби 2:0 шикаст дода, бо касби 6 имтиёз дар 2 бозӣ пеш аз муҳлат зинаи якумро дар гурӯҳ ишғол намуд ва ба даври финалии мусобиқоти «CAFA Nations Cup-2023» роҳхат гирифт.
Мунтахаби Тоҷикистон соҳиби 2 имтиёз ва дастаҳои Уммону Туркманистон 1-имтиёзӣ доранд. Мавқеи ниҳоии дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “А” пас аз даври сеюми охирин маълум мешавад.
Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи "А" пас аз 2 давр:

Дар даври охирини марҳилаи гурӯҳии мусобиқоти «CAFA Nations Cup-2023» мунтахаби Тоҷикистон бо тими Ӯзбекистон ва Туркманистон бо Уммон бозӣ мекунанд. Вохӯрии футболбозони тоҷик бо мизбонони мусобиқа - тими Ӯзбекистон рӯзи шанбе, 17 июн дар варзишгоҳи “Бунёдкор”-и шаҳри Тошканд соати 20:30 оғоз мегардад.
Нархи “утилизатсия” танҳо барои мошинҳои воридшаванда боло меравад
Рӯзи матбуоти тоҷик. Имсол ба 9 нафар ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ тақдим гардид
Имтиёзҳои андозӣ ба корфармоҳое, ки шахсони дорои маъюбиятро ба кор мегиранд
Таътили баҳории хонандагони мактабҳо чанд рӯз давом мекунад?
Сироҷиддин Насриддинов – дипломат ва аввалин сафири Тоҷикистон дар Русия 85-сола шуд
ICB рушди футболи миллиро дастгирӣ мекунад
Тоҷикистон vs Ӯзбекистон. Чемпионат ва футболбозони ду кишвар чӣ қадар нарх доранд?
Имрӯз сокинони баъзе кӯчаву хиёбонҳои Душанбе то бегоҳ бебарқ мемонанд
Ҷаримаи 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар Душанбе
Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳои хавфи пасти ифротгароӣ дохил шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста