Чаҳорумин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ бо ширкати варзишгарони 57 кишвар аз 7 то 21-уми ноябр дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ доир мешавад.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин чорабинӣ 134 нафар шомил шудаанд, ки 69 танашонро варзишгарон ташкил медиҳанд. Шахсони боқимонда аз мураббиён ва коркунони кумитаву федератсияҳои варзишӣ иборатанд.
Варзишгарони тоҷик дар шашумин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ аз рӯи 12 намуди варзиш, аз ҷумла, ҷудо, вазнабардорӣ, таэквондо, куштии кураш, камонварӣ, тенниси рӯимиз, муштзанӣ (бокс) ва ришатаҳои паралимпӣ баромад хоҳанд кард.
Дар маросими ифтитоҳии чорабинӣ, ки рӯзи 7-уми ноябр сурат мегирад, Мадина Қурбонзода ва Эмомалӣ Нуралӣ парчамбардорони дастаи мунтахаби Тоҷикистон интихоб шудаанд.
Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи варзишии ҳамбастагии исломӣ (ISSA) баргузор мешаванд ва варзишгаронро аз 57 кишвар муттаҳид мекунанд. Барномаи бозиҳо 13 намуди варзиши олимпӣ, 4 намуди ғайриолимпӣ, 3 намуди паралимпӣ ва як намуди варзиши миллӣ, аз ҷумла пойгаи шутурро дар бар мегирад.
Бояд гуфт, дар охирин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки соли 2022 дар шаҳри Қунияи Туркия баргузор гардида буд, варзишгарони тоҷик 8 медал – 3 нуқра ва 5 биринҷӣ гирифта буданд.




Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 36
Додгоҳ ҳукми мудири кӯдакистон ва мураббии муттаҳам ба марги кӯдаки дусоларо содир кардааст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 декабри соли 2025
“Дору ё хӯрок харам ё либос гирам?”. Оё нафақаи шахсони маъюбиятдошта ниёзҳояшонро бароварда мекунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста