Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқро ба Афғонистон шурӯъ кард. Рашид Гулов, муовини сармуҳандиси ширкати «Барқи тоҷик» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ҳамарӯза ба Афғонистон аз кишвари мо ҳудуди 200 ҳазор кВт нерӯи барқ интиқол дода мешавад ва ҳамчунин ёдовар шуд, ки содироти нерӯи барқ ба ин кишвар асосан дар давраи тобистон (моҳҳои май-октябр) сурат мегирад. «Имсол интиқоли барқ миёнаҳои моҳи май оғоз гардид, - зикр кард манбаъ. – Дар давраи тобистон дар маҷмӯъ мо ба ин кишвар тақрибан 50 млн. кВт/соат нерӯи барқ содирот мекунем, аз ҷумла соли гузашта ин рақам ба 51 млн. кВт/соат расид». Дар ҳамин ҳол Р.Гулов изҳор дошт, ки айни замон нерӯи барқи кишвар ба Қирғизистон интиқол намегардад, зеро Тоҷикистонро зарур аст, қарзи зиёди нерӯи барқи Ӯзбекистонро баргардонад. Ёдовар мешавем, ки интиқоли нерӯи Барқи Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ахири моҳи май шурӯъ шуд ва то имрӯз ба ин кишвар беш аз 60 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол гардидааст. Мувофиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон, кишвари мо дар давраи тирамоҳу зимистон аз Ӯзбекистон ба миқдори 600 млн. кВт/соат нерӯи барқ мегирад ва ба ивази он дар давраи баҳору тобистон ба Ӯзбекистон 900 млн. кВт/соат нерӯи барқ иниқол медиҳад. Дар ширкати «Барқи тоҷик» изҳори боварӣ намуданд, ки қарзи нерӯи барқи Ӯзбекистон то ахири моҳи августи соли ҷорӣ пурра баргардонида мешавад. Тибқи маълумоти ширкат, айни замон дар ҷумҳурӣ наздик ба 60 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мегардад, ки қисми зиёди онро нерӯи барқи истеҳсолкардаи НОБ-и «Норак» ташкил медиҳад.
Радио эфир
Идомаи сафари Қоҳир Расулзода ба Эрон. Ширкат дар ҳамоиши иқтисодии Баҳри Хазар ва мулоқот бо муовини аввали раисҷумҳури Эрон
“Бозбинӣ ва озод кунед”. Вакилони дифои Шокирҷон Ҳакимов ва Рухшона Ҳакимова аз болои ҳукми Додгоҳи олӣ шикоят бурдаанд
Варзишгарон ва муррабиёни беҳтарини соли 2024 маълум шуданд. Онҳо кистанд?
Коршиносони СММ: дар Афғонистон зиёда аз 20 гурӯҳи террористӣ мустақаранд
Фейк | “Муҳаммадсобир Файзов шартнома баста, ба ҷанги Украина меравад”
Чӣ симои пойтахтро коста мекунад?
Оғози музокироти Амрико ва Русия дар Риёз. Поёни ҷанг дар Украина дар меҳвари музокира хоҳад буд
Ҳар лаҳза аз нӯшокиҳои “АРК Саноат” лаззат баред
Ба 46 варзишгари тоҷик ҷоизаи президент дода шуд. Онҳо кистанд ва чӣ қадар мукофотпулӣ гирифтанд?
Хадамоти алоқа барои қабули арзу шикоят оид ба сифати алоқа ва интернет Маркази тамос таъсис дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста