Душанбе. 2-юми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Ҷамъияти саҳомии кушоди «Интер РАО ЕЭС»-и Русия дар Тоҷикистон се нерӯгоҳи обиву барқӣ месозад. Қобили зикр аст, ки зимни сафари расмии президенти Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон миёни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва ин ширкати русиягӣ Ёддошти тафоҳуми ба роҳ мондани фаъолияти муштарак ҷиҳати рушди лоиҳаҳои энергетикӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба имзо расида буд.

Аз Ширкати саҳомии холдинги кушодаи «Барқи тоҷик» ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ба ширкати Русия се лоиҳа - Нерӯгоҳи Урфатин дар рӯдхонаи Хингоб, нерӯгоҳи Оббурдон дар рӯдхонаи Зарафшон ва нерӯгоҳи Явроз дар рӯдхонаи Кофарниҳон пешниҳод гардид.

Бино ба иттилои манбаъ, иқтидори истеҳсолии бузургтарин аз ин нерӯгоҳҳо 250 МВт буда, нишондиҳандаҳои дақиқ пас аз таҳияи заминаи иқтисодиву фаннии лоиҳаи сохтмон муайян карда мешаванд.

«Барои татбиқи муқаррароти ёддошт комиссияи дуҷониба ташкил гардида, он дар ҷаласаи аваалин муайян хоҳад кард, ки кадоме аз ин лоиҳаҳо аз ҳама пештар амалӣ карда мешавад», - афзуд сарчашма.