Хуҷанд. 2-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Қабл аз оғози соли хониши нав дар тамоми шаҳру навоҳии минтақаи шимоли Тоҷикистон иттифоқҳои касаба иқдоми таъмини фарзандони оилаҳои камбизоат бо сарулибоси мактабиро роҳандозӣ намуданд.
Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Саидбой Зокиров ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар ҷараёни баргузории иқдоми мазкур ҳудуди 500 нафар хонандагон аз оилаҳои камбизоат бо сарулибоси мактабӣ таъмин карда шуданд.
Ҳамчунин кумитаҳои иттифоқҳои касабаи корхонаҳои саноатии «Дӯстӣ Амирхон», «САТН» ва «Ҷавонӣ» ба фарзандони беш аз 50 оилаҳои камбизоат, ки дар корхонаашон кор мекунанд, сарулибоси мактабӣ тақдим намуданд. «Иқдоми мазкур ҳамасола баргузор мешавад ва соли гузашта фарзандони оилаҳои куамбизоат бо сарулибоси варзишӣ таъмин гардида буданд», - гуфт дар анҷом С.Зокиров.
Идомаи сафари Қоҳир Расулзода ба Эрон. Ширкат дар ҳамоиши иқтисодии Баҳри Хазар ва мулоқот бо муовини аввали раисҷумҳури Эрон
“Бозбинӣ ва озод кунед”. Вакилони дифои Шокирҷон Ҳакимов ва Рухшона Ҳакимова аз болои ҳукми Додгоҳи олӣ шикоят бурдаанд
Варзишгарон ва муррабиёни беҳтарини соли 2024 маълум шуданд. Онҳо кистанд?
Коршиносони СММ: дар Афғонистон зиёда аз 20 гурӯҳи террористӣ мустақаранд
Фейк | “Муҳаммадсобир Файзов шартнома баста, ба ҷанги Украина меравад”
Чӣ симои пойтахтро коста мекунад?
Оғози музокироти Амрико ва Русия дар Риёз. Поёни ҷанг дар Украина дар меҳвари музокира хоҳад буд
Ҳар лаҳза аз нӯшокиҳои “АРК Саноат” лаззат баред
Ба 46 варзишгари тоҷик ҷоизаи президент дода шуд. Онҳо кистанд ва чӣ қадар мукофотпулӣ гирифтанд?
Хадамоти алоқа барои қабули арзу шикоят оид ба сифати алоқа ва интернет Маркази тамос таъсис дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста