Душанбе. 4-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Душанбе перомуни дар фасли тобистон интиқол додани нерӯи барқи зиёдатӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон тавофуқ ҳосил шуд. Дар иттилоияи Бонки рушди Осиё гуфта мешавад, ки созишномаи харидории нерӯи барқ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи минтақавии мутттаҳидсозии хатҳои интиқоли барқ, ки соли 2006 аз ҷониби бонк маъқул шуморида шуда буд, 29-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ба имзо расид. Зери санад раиси ширкати саҳомии холдинги кушодаи «Барқи тоҷик» Шарифхон Самиев ва президенти ширкати энергетикии
DABM
-и Афғонистон Ғулом Раббонӣ имзо гузоштанд.
Тибқи маълумоти Бонки рушди Осиё, дар чаҳорчӯбаи амалисозии лоиҳаи мазкур хати интиқоли барқи ду силсиладори 220 кВ сохта мешавад, ки нерӯгоҳҳои дарёи Вахшро бо шаҳри наздисарҳадии Шерхон Бандар ва сипас шаҳрҳои Қундуз, Баглад, Пули Хумрӣ ва Кобули Афғонистон мепайвандад.
Лоиҳа ҳамчунин барои таҷдиди низоми мавҷудаи соҳаи энергетика дар Тоҷикистон ҷудо кардани маблағҳоро пешбинӣ менамояд, ки он имкон медиҳад дар фасли зимистон норасоии барқ коҳиш дода шуда, аз ҳисоби афзоиши истеҳсол ва коҳиши талафоти техникии нерӯи барқ боз 320 гигаватт/соат нерӯи барқи иловагӣ дар як сол тавлид гардад.
Сармутахассиси бонк оид ба энергетика Ҷим Листон изҳор доштааст, ки лоиҳа таъмини барқро дар кишварҳо беҳбуд бахшида, арзиши онро барои истеъмолгарон камтар мекунад ва ба Тоҷикистон имкон фароҳам меорад, ки дар фасли гармо то 300 мегаватт нерӯи барқи иловагиро ба хориҷи кишвар интиқол диҳад.
Фоидаи умумии иқтисодии ҳамкории минтақавӣ аз амалисозии лоиҳа 114 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки миёни кишварҳо баробар тақсим хоҳад гардид.
Аз воситаҳои имтиёзноки Бонки рушди Осиё ба Тоҷикистон 21,5 млн. ва Афғонистон 35 млн. доллари амрикоӣ ба муддати 32 сол қарз ихтисос дода мешавад. Давраи имтиёзноки қарз 8 сол буда, пардохти фоизи қарз дар давраи имтиёзнок 1 дарсад ва дар давраи боқимонда 1,5 дарсадро ташкил медиҳад.
Маблағи умумии лоиҳа ба 109, 5 млн. доллари амрикоӣ баробар аст. Ба лоиҳа ҳамчунин Фонди кишварҳои нафтрасон (ОПЕК), Бонки исломии рушд, Фонди трастии бозсозии Афғонистон ва ҳукуматҳои Тоҷикистону Афғонистон низ маблағгузорӣ менамоянд.
Ширкати «Барқи тоҷик» ва Вазорати энергетика ва захираҳои обии Афғонистон дар ин лоиҳа агентиҳои иҷрокунанда маҳсуб мешаванд.
Маълумотнома:
Дафтари кории Бонки рушди Осиё дар шаҳри Манила ҷойгир шуда, самти афзалиятноки фаъолияти он тавассути рушди ҳамаҷонибаи иқтисод, тавсеъаи босуботи экологӣ ва ҳамгиройии минтақавӣ коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором мебошад. Айни замон дар 67 кишварҳои дунё шӯъбаҳои бонк фаъолият доранд, ки 48-то аз ин шӯъбаҳо дар кишварҳои минтақа ҷойгиранд. Соли 2007 Бонки рушди Осиё ба маблағи умумии 10,1 млрд. доллари амрикоӣ пешиҳоди қарзҳо, ба маблағи 673 млн. доллари амрикоӣ додани бурсҳо ва ба маблағи 243 млн. доллари амрикоӣ расонидани кӯмаки техникиро маъқул шуморид.
Идомаи сафари Қоҳир Расулзода ба Эрон. Ширкат дар ҳамоиши иқтисодии Баҳри Хазар ва мулоқот бо муовини аввали раисҷумҳури Эрон
“Бозбинӣ ва озод кунед”. Вакилони дифои Шокирҷон Ҳакимов ва Рухшона Ҳакимова аз болои ҳукми Додгоҳи олӣ шикоят бурдаанд
Варзишгарон ва муррабиёни беҳтарини соли 2024 маълум шуданд. Онҳо кистанд?
Коршиносони СММ: дар Афғонистон зиёда аз 20 гурӯҳи террористӣ мустақаранд
Фейк | “Муҳаммадсобир Файзов шартнома баста, ба ҷанги Украина меравад”
Чӣ симои пойтахтро коста мекунад?
Оғози музокироти Амрико ва Русия дар Риёз. Поёни ҷанг дар Украина дар меҳвари музокира хоҳад буд
Ҳар лаҳза аз нӯшокиҳои “АРК Саноат” лаззат баред
Ба 46 варзишгари тоҷик ҷоизаи президент дода шуд. Онҳо кистанд ва чӣ қадар мукофотпулӣ гирифтанд?
Хадамоти алоқа барои қабули арзу шикоят оид ба сифати алоқа ва интернет Маркази тамос таъсис дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста