Душанбе. 10-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Ду ширкати чиноӣ ният доранд, дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли сементи иқтидори 1 млн. тонна дар як сол бунёд намоянд.

Аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор доштанд, ки ҳафтаи сипаришуда дар Урумчӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва ду ширкати чиноӣ Протокол оид ба   нияти сохтмон ба имзо расидааст.

«Мӯҳлати иҷрои лоиҳа бо сармоягузории пурраи ҷониби Чин 30 моҳро дар бар мегирад», - зикр кард сарчашма.

Бино ба иттилои манбаъ, то ахири моҳи сентябр ба Душанбе коршиносони чиноӣ меоянд ва макони сохтмонро ҳукумат ва вазорати энергертикаву саноати Тоҷикистон муайян хоҳанд кард. Дар ин хусус ҳангоми баргузории намоишгоҳи тиҷоратии хориҷии Урумчӣ дар Чин мувофиқа ҳосил шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки талаботи ҷумҳурӣ ба семент ҳамасола 40 дарсад зиёдтар мешавад ва айни замон он ба 1,5 млн. тонна семент дар як сол арзёбӣ мешавад. Ягона корхонаи бузурги истеҳсоли сементи кишвар «Тоҷиксемент» бо иқтидоои истеҳсолии 1 млн. тонна семент дар як сол ба иллати фарсудашавии таҷҳизотҳо соле то 500 ҳазор тонна семент истеҳсол мекунад ва барои қонеъ сохтани талабот, ин масолеҳи зарурии сохтмонӣ аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ ворид карда мешавад.