Душанбе. 10-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дирӯз нахустин радиои мустақили Душанбе - «Азия-Плюс» шашсола шуд. Дар таърихи 9-уми сентябри соли 2002 барои аввалин бор садои радиои мазкур дар фазои ҷумҳурӣ танинандоз гашт.
Мӯҳтавои барномаи радио мусиқивиу фароғатӣ буда, ҳамчнин аз бозиҳои интерактивӣ, барномаҳои маърифатӣ, мусоҳибаҳо бо шахсони маъруфи кишвар иборатанд. Радиои «Азия-Плюс» дар рӯи мавҷи
FM
107 пахш гардида, мавҷи он фарогири шаҳри Душанбе ва ноҳияи гирду атрофи пойтахт мебошад.
Ҳайати эҷодии ҷавони радио иди худро дар кору робита бо шунавандагон, пешвози меҳмонон ва тақдими тӯҳфаҳо ба ҳаводорони радио пешвоз гирифтанд. Дар роҳандозии фаъолияти пурсамари ҳайати эҷодии радио саҳми директори генералии ОИ «Азия-Плюс» Умед Бобохонов, сарвари иҷроияи радио Парвона Аҳрорӣ, директори тиҷоратӣ Нурхонов Далер, сармуҳосиб Мавлуда Хурсандова, менеҷери шӯъбаи фурӯш Татяна Чен, директори барномавӣ Манижа Аҳмадова, муҳаррири мусиқӣ Кирилл Камбаров ва дигарон хеле назаррас аст.
Нигоҳдории кадом чорво дар пойтахт манъ аст ва барои нақзи он чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
"Ба ин касб дил бастам”. Қиссаи ронандаи зеботарин автобуси Душанбе
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 феврали соли 2025
Комиссияи марказии интихобот 2 номзади Ҳизби демократро ба қайд нагирифт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 феврали соли 2025
САҲА интихоботи Тоҷикистон назорат намекунад. Ин ба раванди интихобот чӣ таъсир мерасонад?
Парвози нахустини ҳавопаймо аз Душанбе ба Рашт низ анҷом ёфт
Соли 2024 қарздиҳӣ ба ипотека дар “Амонатбонк” ба таври назаррас афзудааст
Баста шудани ҳисобҳои бонкӣ, боздошт ва аз кор рондан. Муҳоҷирон аз иштибоҳҳо дар “рӯйхати сиёҳ”-и Русия шикоят кардаанд
Ҷазои чанд соҳибкор дар Суғд барои фиреби истеъмолкунандагон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста