Душанбе. 13-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Татяна Одуванчик, суханг ӯ и Вазорати саноат ва барқи Қирғизистон мег ӯ яд, беш аз 14 миллион киловатт соат нер ӯ и барқ дар як шабонар ӯ з ҳамчун лимит ҷ удо шудааст.

Гуля Муроталиева, суханг ӯ и   ширкати «Северэлектро» ба радиои Озод ӣ гуфт, бо ву ҷ уди эҳсоси камбуди нер ӯ и барқ истифодаи он дар баъзе воҳиди муассисоти давлат ӣ маҳдуд нашудааст. Хонум Муроталиева гуфт, ба ин гур ӯ ҳ бемористон, вазорати дифоъ, кумитаи марзбон ӣ , хадамоти ҳавонавард ӣ ,   роҳи оҳан, марокизи ҳимоят аз солмандон   шомиланд.

Ба гуфтаи Гуля Муроталиева, дар хонаҳои баландошёна, ки барои омода кардани ғизо аз барқ истифода мекунанд, шаш соат дар як шабонар ӯ з нер ӯ и барқ қатъ мешавад. Суханг ӯ и ширкати «Северэлектро» гуфт, президент Қурмонбек Боқиев   мардумро    итминон дод, ки дар мавриди таъмини нер ӯ и барқ, гарм ӣ ва оби гарм зимистони оянда ягон мушкилот пеш нахоҳад омад.

Коршиносон мег ӯ янд, Қирғизистон ба шумули кишварҳое шомил буд, ки нер ӯ и барқ содир мекард. Аммо дар ин авохир ба далели паст рафтани сатҳи обанбори Тухтагул   эҳтиё ҷ ба нер ӯ и барқ дар Қирғизистон беш аз пеш афзудааст. Игор Чудинов, нахуствазири Қирғизистон гуфтааст, ки бо Қазоқистон ҷ иҳати харидории 250 миллион киловатт соат қарордод ба имзо хоҳад расонид. Ба гуфтаи Игор Чудинов, ҳамчунин, мақомоти кишвараш бо Ӯ збакистон низ вориди гуфтугуст, то дар фасли сармо аз ин кишвар нер ӯ и барқ бихарад.

Нахуствазир таъкид кардааст, ки кишвараш бо То ҷ икистон, ки дар мавриди камбуди барқ бо Қирғизистон дар як радиф қарор дорад,   натавонист, ро ҷ еъ ба     содири нер ӯ и барқ   созишнома ба имзо расонад.