Душанбе. 13-уми август. - «Дар сурати розигии ҳамаи кишварҳо мо хоҳони он ҳастем, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ гурӯҳи панҷгонаи нерӯҳои амнияти дастаҷамъиро дошта бошем ва ин гурӯҳ аз нерӯҳои чаҳор кишвари минтақа(Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон) ва Русия иборат хоҳад буд», - гуфт ӯ.  

Дабири кулли созмон қайд кард, ки имкон дорад, дар минтақа гурӯҳи бузурги нерӯҳои амнияти дастаҷамъӣ ташкил гардад ва ин гурӯҳ пеш аз ҳама, бояд бо назардошти муташанниҷии вазъ дар Афғонистон суботи сиёсиро дар минтақа таъмин созад.

«Бояд даҳ баталёни нерӯҳои дастаҷамъии фаврии зудамал асоси нерӯҳои панҷгонаро ташкил диҳанд», - афзуд Н.Бордюжа. Ба гуфтаи ӯ, қарори таъйини шумора ва фаъолияти минбаъдаи ин нерӯҳоро намояндагони кишварҳои созмон пас аз қабули қарори сиёсӣ мушаххас хоҳанд кард.

Ба ҳайати Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ давлатҳои Русия, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шомил мебошанд.