13-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дирӯз маросими ифтитоҳи посгоҳи таъмиршудаи сарҳадии «Сари Ғор» доир гашт, ки дар он намояндаи ваколатдори муваққатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) дар Тоҷикистон хонума Ниша Квост, сардори сарситоди нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон генерал майор Шараф Файзуллоев ва намояндаи минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ Ҷеймс Каллахан иштирок карданд.
Хонума Квост зери муҷассамаи 25 марзбон, ки соли 1993 дар замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон бар асари ҳуҷуми гурӯҳи мусаллаҳ барои убури марзи давлатӣ ба ҳалокат расида буданд, гулчанбар гузошт.
Арзиши
лоиҳаи
мазкур
ба
425
ҳазор
доллари
амрикоӣ
баробар
буда
,
аз
ҷ
ониби
шӯъбаи
назорати
маводи
мухаддир
ва
муҳофизати
тартиботи
сафорати
ИМА
(INL)
маблағгузорӣ
карда
шудааст
.
Бино
ба
иттилои
манбаъ
,
лоиҳа
бевосита
таҳти
назорати
Раёсат
оид
ба
маводи
мухаддир
ва
ҷ
инояткории
Созмони
Милали
Муттаҳид
қ
арор
дошта
,
пудратчии
корҳои
сохтмонӣ
ширкати
тоҷикии
«
Промстрой
»
интихоб
гардид
.
Соли
оянда
ин
ширкат
корҳои
бозсозии
ду
купрӯки
дигарро
низ
ба
ӯҳдаи
худ
гирфтааст
.
Зикр гардид, ки
INL
ҳамчунин бо таъхмири се заставаи сарҳадӣ ва ситоди гурӯҳи марзбонии ноҳияи Шӯрообод машғул буда, ояндаи наздик бинои дидбонгоҳҳои назоратии «Қулма» ва «Қизиларт-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро аз таъмир хоҳад баровард.
Идомаи сафари Қоҳир Расулзода ба Эрон. Ширкат дар ҳамоиши иқтисодии Баҳри Хазар ва мулоқот бо муовини аввали раисҷумҳури Эрон
“Бозбинӣ ва озод кунед”. Вакилони дифои Шокирҷон Ҳакимов ва Рухшона Ҳакимова аз болои ҳукми Додгоҳи олӣ шикоят бурдаанд
Варзишгарон ва муррабиёни беҳтарини соли 2024 маълум шуданд. Онҳо кистанд?
Коршиносони СММ: дар Афғонистон зиёда аз 20 гурӯҳи террористӣ мустақаранд
Фейк | “Муҳаммадсобир Файзов шартнома баста, ба ҷанги Украина меравад”
Чӣ симои пойтахтро коста мекунад?
Оғози музокироти Амрико ва Русия дар Риёз. Поёни ҷанг дар Украина дар меҳвари музокира хоҳад буд
Ҳар лаҳза аз нӯшокиҳои “АРК Саноат” лаззат баред
Ба 46 варзишгари тоҷик ҷоизаи президент дода шуд. Онҳо кистанд ва чӣ қадар мукофотпулӣ гирифтанд?
Хадамоти алоқа барои қабули арзу шикоят оид ба сифати алоқа ва интернет Маркази тамос таъсис дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста