Душанбе. 22-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Доираҳои сиёсии Тоҷикистон рӯйи масъалаи он, ки оё дар ҳақиқат дар Тоҷикистон бисёрҳизбӣ мавҷуд аст, ба хулосаи мушаххасе омада натавонистанд. Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта бо ташаббуси созмони ҷамъиятии «Журналист» ва ҳафтаномаи ҷамъиятиву сиёсии «Ҷомеа» дар толори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон маҳз дар мавзӯи мазкур мизи мудаавар доир гардид.
Раиси Ассотсиатсияи сиёсатшиносони Тоҷикистон Абдуғанӣ Маҳмадазимов изҳор дошт, ки аз бисёрҳизбӣ дар Тоҷикистон ду омил шаҳодат медиҳад, ки яке аз онҳо ҳайати сеҳизбии парлумони ҷумҳуриву дигараш фарогирии минтақаҳо аз ҷониби ҳизбҳо мебошад.
Дар ҳамин ҳол, раиси Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров муҳимии масъаларо зикр намуда, изҳор дошт, ки мавҷудияти як қатор нерӯҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон гувоҳи воқеияти бисёрҳизбӣ дар Тоҷикистон буда наметавонад. «Ман чун роҳбари ҳизб миёни ҳизбҳо рақобатро мушоҳида намекунам, мо бо мақомоти ҳокимият ва дастгоҳи ҳукуматӣ дар рақобат ҳастем», - гуфт ӯ.
Р.Зойиров ҳамчунин гуфт, агар ҳукумат ба муносибати дохилии аҳзоб дахолат надошта бошад, дар Тоҷикистон имкони ташаккули низоми тарзи дуҳизбӣ ё сеҳизбӣ мавҷуд аст. Қобили зикр аст, ки мизи мудаввар аз шумули яке аз чорабиниҳои сиёсиест, ки маблағгузории онро сафорати Бритониёи Кабир ба ӯҳда гирифтааст.
Нигоҳдории кадом чорво дар пойтахт манъ аст ва барои нақзи он чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
"Ба ин касб дил бастам”. Қиссаи ронандаи зеботарин автобуси Душанбе
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 феврали соли 2025
Комиссияи марказии интихобот 2 номзади Ҳизби демократро ба қайд нагирифт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 феврали соли 2025
САҲА интихоботи Тоҷикистон назорат намекунад. Ин ба раванди интихобот чӣ таъсир мерасонад?
Парвози нахустини ҳавопаймо аз Душанбе ба Рашт низ анҷом ёфт
Соли 2024 қарздиҳӣ ба ипотека дар “Амонатбонк” ба таври назаррас афзудааст
Баста шудани ҳисобҳои бонкӣ, боздошт ва аз кор рондан. Муҳоҷирон аз иштибоҳҳо дар “рӯйхати сиёҳ”-и Русия шикоят кардаанд
Ҷазои чанд соҳибкор дар Суғд барои фиреби истеъмолкунандагон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста