"Ба дунболи озодапаланг: аз Мурғоб то Шоҳин" филми мустанадест, ки рӯзноманигор, таърихнигор ва муҳаққиқи суннатҳои мардумӣ Қурбони Аламшоҳ дар мавриди озодапаланг ё бабри барфӣ дар Тоҷикистон сохтааст. Қурбони Аламшоҳ ба "Азия-плюс" гуфт, ки ин филмро ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии озодапаланг таҳия кардааст.
Ба гуфтаи муаллиф, ин филм ривояту афсонаҳо, сурудҳои мардумиву фолклорӣ ва дигар таърихчаҳои ҷолибро дар мавриди ин ҳайвони нодир ва мағруру саркаши кӯҳҳои Тоҷикистон дар бар мегирад.
Ҳамчунин дар ин мустанад мешавад дар бораи ин ҷонвари нодири олами вуҳуши Тоҷикистон маълумоти ҷолиб пайдо кард. Муаллиф таҳқиқи худро дар тамоми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ва навоҳии кӯҳии вилояти Хатлон дар ин филм гирд оварда, ҳамчунин ба сабабҳои ҳалокату талафёбии он низ пардохтааст.
Шумо метавонед, бинандаи нахустини ин филм дар "Азия-Плюс" бошед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.