Додситонии шаҳри Хуҷанд тафсилоти ғарқ шудани чаҳор мактабхони истаравшанӣ дар дарёи Сир, дар Хуҷандро ба “Азия-Плюс” шарик кард.
Ба иттилои додситонӣ гурӯҳе аз хонандагони мактаби рақами 60-и Истаравшан бо ду омӯзгор ва мудири мактаб барои саёҳат ба Хуҷанд омада, чаҳор нафари онҳо зимни шиноварӣ дар дарёи Сир ғарқ мешаванд.
Додситони шаҳри Хуҷанд, Авазҷон Назарзода дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт ному насаби ду роҳбари синф ва директор маълум аст, вале то анҷоми тафтишот ифшо намекунанд. Ҳоло додситони шаҳри Хуҷанд, таҳқиқи ин қазияро шахсан худаш ба даст гирифтааст, ҳарчанд то кунун парванди ҷиноӣ боз нашудааст.
Ӯ гуфт рӯзи 7-уми июл 23 нафар хонандаи синфҳои 6 ва 9, ки дар миёнашон духтарон низ будаанд, бо роҳбарии мудир ва ду роҳбари синф дар як автомашинаи “Газел” барои саёҳат аз Истаравшан ба Хуҷанд меоянд. Аммо бегоҳии ҳамон рӯз, чаҳор нафар ҳамсинфи 16-сола ҳангоми шиноварӣ дар мавзее, ки барои шиноварӣ мамнуъ эълон шуда буд, воқъе дар ҳудуди “Боғи Наврӯзгоҳ” ғарқ шуда ба ҳалокат мерасанд.
“Ҷасадҳоро таъҷилан аз дарё берун оварда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳуҷҷат карданд. Ҳатман масъалаи ҷавобгарии дахлдори шахсони гунаҳкор дида баромада мешавад. Дар ин самт шахсан худам санҷиши ҷиддиро оғоз кардам ва ҳоло идома дорад. То оғози ягон парванда аввал мавзеъи оббозии чаҳор хонандаи фавтида ва назари шоҳидону нафарони дахлдорро ҷиддан месанҷем”.
Додситонӣ гуфт, аз гурӯҳи 23-нафараи хонандагони мактаб, ки барои саёҳат ба Хуҷанд омаданд, 11 нафарашон синфи 6 ва 12 нафар хонандагони синфи 9 будаанд.
Ҳоло яке аз фарзияҳои пешакӣ, ин аст, ки яке аз хонандаҳо ғарқ мешавад ва боқии ҳамсинфон ба наҷоти ӯ мешитобанд, ки дар натиҷа се нафари дигар ҳам ғарқ мешаванд.
Раёсати маорифи вилояти Суғд дар ин бора расман чизе нагуфтааст ва раҳбарии ин ниҳод ба муроҷиатҳои мукаррари “Азия-Плюс” ҳозир нашуд посух диҳад.
Аммо як масъули ҳамин ниҳод, бидуни зикри номаш гуфт, ки яке аз омӯзгорони ҳамроҳи хонандаҳо омада зан мебошад.
Ҳоло гуфта мешавад, замоне, ки ҷасади чаҳор хонанда аз дарё берун кашида мешаванд, мудир ва яке аз омӯзгорон сахт тарсида, дар беморхонаи клиникавии вилояти Суғд бистарӣ шудаанд.
“Директор ва муаллим ба Истаравшан нарафтаанд ва ҳоло дар беморхона бистарӣ ҳастанд. Танҳо як муаллима ҷасади хонандагонро гирифта ба зодгоҳашон бурданд. Директор ва роҳбари синф, ки ҳарду мард ҳастанд аз ҳодиса тарсидаанд, чун марги якбораи ин чаҳор нафар шӯхӣ нест. Ба мо ҳам рӯшан нест, ки ин бачаҳо паси ҳам рафта ғарқ шудаанд ё ҳодиса чӣ хел рух додааст?”,-мегӯяд ин манбаъ.
Бояд гуфт, ки шоми 7-уми июл, Ситоди ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд эълом кард, ки соати тахмин 15:00 чаҳор наврас, хонандагони мактаби рақами 60-и ҷамоати Ниҷонии Истаравшан дар дарёи Сир, дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд оббозӣ карда ғарқ мешаванд ва ҷасадашонро аз дарё берун кашидаанд.
Ситод аз хонандагони фавтида Лазизбек Хидиров, Бахтиёр Каримқулов, Аслбек Мамадисоев, Садриддин Каримов ном бурд.
Феълан бино ба иттилои Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Суғд дар мавзеъҳои таҷаммуъи одамон, ки ба хотири шиноварӣ ба соҳили дарёи Сир ва “Баҳри тоҷик” мефароянд қисми навбатдорӣ ташкил кардаанд. Ин ҳайат гуфта мешавад беш аз 60 нафар аз наҷотдиҳандагону дигар гурӯҳи корӣ иборат буда, ҳамарӯза сокинонро огаҳ мекунанд дар ҷойҳои манъшуда оббозӣ накунанд ва ҳадафашон ҷилавгирӣ аз афзоиши ҳодисаҳои ғарқшавии одамон будааст.
Бар пайи ин ҳодиса ва ҳодисаҳои дигари рӯзҳои ахир, ҳоло мақомоти вилояти Суғд рейдҳо ташкил кардаву дар ҷойҳои барои оббозӣ хатарзо тоблуҳо бо навиштаҷоти “Оббозӣ манъ аст!” бештар насб карда истодаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Соли нави 2025 муборак, ҳамдиёрони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 январи соли 2025
Муҳимтарин рӯйдодҳои соли 2024 барои Тоҷикистон тибқи фарзияи “Азия-Плюс”
“Забони бародарро “тоҷикӣ”, забони хоҳарро “дарӣ” гуфтанд”. Профессор Сафар Абдуллоҳ 70-сола шуд
Маҳдудияти интиқоли барқ, интернети камсуръат, муҳоҷират, фасод... Мушкили умдаи Тоҷикистон, ки дар соли 2024 ҳам ҳалли худро наёфт
Чӣ тавр муҳоҷиронро дар Русия ба ҷанг ҷалб мекунанд?
БАОР хавфҳои калидиро барои иқтисоди Тоҷикистон дар се соли наздик номбар кард
“Занонро аз тиреза набинанд”. Маҳдудияти навбатии “Толибон” нисбат ба занон
Барои ихроҷ омода шавед. Ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ барои тарки Русия муҳлат доданд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Марди араб ва саги гурусна”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста