Рӯзи 1 апрел дар Душанбе телевизиони нави давлатии "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" ба фаъолият оғоз кард. Телевизиони навтаъсис соҳавӣ буда, аз бурду бохти соҳаи сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ барномаҳо нашр мекунад.

Таъсиси боз як телевизиони давлатии нав дар кишвар, дар ҳолест, ки чанд соли охир дар бораи мазмуну муҳтавои барномаҳои телевизионии кишвар дар доираҳои касбӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳо зиёд аст. Хусусан, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз тамошо накардани барномаҳои шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ва муҳтавои пасти барномаҳои он мегӯянд.

Дар робита ба ин масъала ва умедвориҳои роҳбарии ин телевизион, бо мудири он Дилафрӯз Амирзода ҳамсуҳбат шудем.

Ӯ дар оғози суҳбат гуфт, нақашаҳои зиёд доранд ва барои ин фурсат лозим аст.

Гуфта мешавад, ки телевизион бо се забон - тоҷикӣ русӣ ва инглисӣ барнома омода мекунад ва дар назар аст, барномаҳое, ки бо забони тоҷикӣ пахш мешаванд, бо зерматн (субтитр) – и инглисӣ пешкаши бинандагон гардад.

- Баъзе эълонҳоро бо забони инглисӣ нашр мекунем. Нашрҳои иттилоотӣ бо забонҳои инглисиву русӣ ҳам дорем. Баъзе филмҳо, ки дар бораи Тоҷикистон, Душанбе ва баъзе ёдгориҳои таърихии кишвар аст, пурра бо забони инглисӣ пешкаш мешавад. Ҳамчунин, баъзе филмҳои ҳунариро бо забони инглисӣ нашр мекунем, - гуфт Дилафрӯз Амирзода.
Дилафрӯз Амирзода, мудири телевизион

Номбурда афзуд, ҳоло “сетка” - и барномаҳои телевизиониро пурра муайян накардаанд ва аз ин рӯ, гуфта наметавонад, ки чанд дарсади барномаҳояшон бо забони инглисӣ, русӣ ва тоҷикӣ мебошанд.

Амирзода мегӯяд, ҳоло чанд лоиҳае рӯи даст дорад ва дар оянда кӯшиш мекунад, ба бинандаҳо бештар барномаҳои муаллифӣ пешниҳод намояд.

- Ҳамин тариқ, баргузории озмунҳо дар назар аст. Ҳоло дар телевизион озмуни “Акси беҳатарин” нашр мешавад. Дар оянда нақша дорем, ки вобаста ба сару либос як озмун роҳандозӣ кунем. Чанд нақшаҳои дигар низ дорем, ки умедворам бо дастгирии ҳамкорон амалӣ мешавад, - изҳори умедворӣ кард ӯ.

Дар робита ба он ки солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди сайёҳӣ ва  ҳунарҳои мардумӣ” эълон шуда буд, бештари телевизонҳои кишвар идораҳои махсуси сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ боз карданд ва он барномаҳоеро пешниҳод мекунанд, ки акнун ин телевизион бояд пешниҳод кунад. Аз Дилафрӯз Амирзода пурсидем, ки якрангӣ намешавад ва барои ин чӣ чораҳо меандешанд?

Ҳоло телевизиони нав дар якшабонарӯз 14 соат – аз соати 07:00 то 23:00 барнома нашр мекунад ва дар назар аст, ки дар оянда 24 - соата шавад.

- Аз сабаби он ки, се соли охир солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ буд, ҳамаи шабакаҳои одат карданд, ки дар ин мавзуъҳо барнома таҳия кунанд. Ҳоло ҳама ба ҳамин маҷро рафтаанд. Якрангӣ мешавад, вале мо кӯшиш мекунем, ки барномаҳоямон аз онҳо фарқ кунад. Ҳамчунин, аз ҷиҳати сифату сатҳи барномаҳо мо бояд аз онҳо фарқ кунем. Ҳоло болои  сифати барномаҳо кор карда истодаем. Акнун ки ин солҳо ҷамъбаст шуд, оҳиста- оҳиста ин камтар мешавад. Мо ки дар ин мавзуъҳо барномаҳои хубро таҳия мекунем, дигар шабакаҳои оҳиста - оҳиста аз нашри ин мавзуҳо даст мекашанд. Шояд дархост кунем, ки барномаҳоро дар ин мавзуъҳо камтар кунанд, - гуфт ӯ.


Мудири телевизиони навтаъсис бовар дорад, ки бо беҳтар намудани сифати барномаҳо метавонад, ки дар ҷомеа мавқеъ пайдо кунанд ва бинандаро ба самти худ ҷалб намоянд.

- Ҳоло мо барои омода намудани барномаҳои босифат нақшаҳо ва лоиҳаҳо рӯи даст дорем. Вале аз сабаби он ки дар ин соҳа мутахасисони хуб нестанд ва ё ҳастанду таҷрибаашон кам аст, мо наметавонем якбора онҳоро амалӣ кунем. Худам тарафдори он ҳастам, ки барномаҳои мо аз дигар шабакаҳои телевизионӣ фарқкунанда бошад. Дар ҷомеа нисбати тамошои телевизионҳо назарҳо мухталиф аст, баъзе мегӯянд, телевизионҳои ватаниро мебинанд, баъзе дигар мегӯянд, тамошо намекунанд. Мо кӯшиш мекунем, ки ҳама телевизиони моро бинанд, - гуфт Амирзода.

Вай изҳори умедворӣ кард, ки ба воситаи телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” онҳо пеш аз ҳама Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад, сайёҳҳони бештарро ба Тоҷикистон ҷалб мекунанд ва таърихи бойю меросӣ ғанӣ доштани онро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, аз таъриху тамаддуни худ ҳимоят мекунанд.

- Барои ин мо кӯшиш мекунем, ки лоиҳаҳоямон пухта, барномаҳо таҳрезии хуб, дизайн, кори коргардонӣ, маълумоти фарогирифта ва тарзи пешниҳод ҳам замонавӣ бошад, - афзуд Дилафрӯз Амирзода.

Бо вуҷуди ин ӯ, аз норасоии мутахасисон изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, барои кори телевизион команда муҳим аст.

Ба таъкиди вай, вақте команда дар якҷоягӣ барномаҳоро баррасӣ карда, дар бораи тарҳи як лоиҳа чанд нафар машварат намуда, онро пухтаву суфта мекунанд, барнома босифат ва муҳтавояш диққатҷалбкунанда мебарояд.

Дилафрӯз бовар дорад, ки агар аз ҳамин самт кор кунанд, муваффақ хоҳанд шуд.

- Ҳоло норасоии кадрӣ ба назр мерасад, вале мо кӯшиш карда истодаем, ки бо ҳамин командае, ки дорем, барномаҳои сифатнок омода кунем. Мо барои қабули мутахасисон эълон додаем ва омодаем мутахасисонро ба кор қабул кунем. Ҳозир каме рейтинги телевизионро боло бардорем, баъд эътимод пайдо мешаваду мутахасисон худашон барои ҳамкорӣ меоянд, - гуфт Дилафрӯз Амирзода.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.