Муҳаббатшоҳ Баллаев, адвокат ё вакили дифои Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик имрӯз, 13-уми октябр, пас аз шиносоӣ бо парванда ва мулоқот бо зерҳимояаш дар Боздоштгоҳи муваққатӣ ба рӯзноманигорон гуфт: “Имрӯз бо парванда шинос шудем. Абдусаттор хабарҳо дар бораи фишору шиканҷа шуданашро рад кард. Ӯ дар асоси моддаи 307 қисми 1 худро пурра гунаҳкор эътироф кард ва гуфт, ки ин эътироф дар пайи шиканҷа нест”.
Ҳамчунин, адвокати Пирмуҳаммадзода таъкид намудааст, ки имрӯз парванда баррасӣ нашуда, танҳо шиносоӣ бо парванда будааст.
Ҳамин тавр, мурофиаи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ба рӯзи дигар гузошта шудаву санаи дақиқи баргузории он маълум нест.
Қаблан наздикони Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки ӯ зери фишори муфаттишон ба гуноҳ иқрор карда, аммо дар асл худро бегуноҳ мешуморад.
Ёдовар мешавем, ки Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, яке аз чаҳор рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик, замоне шинохта гардид, ки дар Рӯзи Президент наворе сабт карда, аз мушкилоти рӯзмарраи худ шикоят намуд. Дар он навор ӯ гуфт, ки чанд сол дар радиои давлатӣ ба ҳайси журналист кор кардаву бо сабабҳои гуногун тарки пеша кардааст ва акнун ҳамчун ронандаи таксӣ кор мекунад. Абдусаттор шикоят дошт, ки кормандони БДА барои озод фаъолият карданаш монеъ мешаванд.
Баъдан ӯ бо пахши наворҳои дигар аз мушкилоти дигари ҷомеа нақл мекард ва миёни мардум шӯҳрат пайдо намуд.
Чанде баъд аз ин бо пок кардани тамоми наворҳои хеш аз саҳифаҳои иҷтимоияш, Пирмуҳаммадзода эълон намуд, ки кори блогериро қатъ мекунад.
Ӯ дар як мусоҳибаи худ ба расонае гуфт, ки барои фаъолиятҳояш бархе “бузи ҳукумат” гуфтаанд, бархе “хоини миллат” ва бо ҳамин канор рафтани худро аз фазои иҷтимоӣ эълон намуд.
Аммо дертар дубора ба фаъолияти блогерӣ баргашт ва пас аз боздошти Далеру Абдуллоҳ аз камтарин рӯзноманигороне буд, ки ба ҳимояи ин журналистон боҷуръатона садо баланд кард.
Пас аз чанде аввал барои чанд соат боздошт ва бо эълони “охирин огоҳӣ” озод гардид. Вале бо гузашти чанд рӯз Абдусаттор дубора боздошт ва алайҳи ӯ бо моддаи 307 иловаи 1 (Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм) айб эълон карда шуд.
Хатсайри автобус миёни Хуҷанд ва Новосибирск. Ҷадвали ҳаракат ва арзиши чиптаи онро муайян кардем
Дар Тоҷикистон лимону сабзӣ арзон ва гӯшту шир қимат шуданд
“Модарам мехонд, ман ҳифз мекардам”. Фараҳбахш бо вуҷуди нобино будан, чӣ тавр дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ғолиб шуд?
Тоҷикистон ҳам аз хидматрасонӣ ба корти UnionPay-и “Газпромбанк” даст кашид
“Онҳо моро одам ҳисоб намекарданд”. Чаро тоҷики хориҷшуда дигар ба Русия рафтан намехоҳад?
Баъди марги Тарона ва гузориши “Азия-Плюс”, раиси шаҳри Панҷакент дастури ҷудо кардани замин ва бунёди мактабро дод
Размикори мағлубнашудаи тоҷик Наботов барои қарордод бо UFC бо кӣ рақобат мекунад?
Муҳоҷирати корӣ ба Кувайт. Ёддошти тафоҳуми имзошуда онро чӣ гуна танзим мекунад?
“Танҳо дар тобистон барқ медиҳем”. “Барқи тоҷик” созишномаи интиқоли барқ миёни Тоҷикистон ва Афғонистонро шарҳ дод
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Вазири бахшанда ва вазири хасис”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста