Дар пасманзари мушкилоти ахири ба сари журналистону блогнависони тоҷик омада ва бархӯрди мақомоти кишвар мавзӯи терроризм ва экстремизми сиёсӣ, динӣ, миллатгароӣ, низоъҳои навин ва моддаи 307-и Кодекси ҷиноятӣ аз ҷониби коршиносон шарҳу тафсир дода шуд.
Чанде аз коршиносони масоили журналистикаву қонунгузории кишвар аз 28 то 30-юми октябр дар семинаре, ки аз ҷониби Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон баргузор гардид, ба гуруҳе аз журналистон, блогнависон ва мутахассисони бозорёбӣ дар бахши расонаҳои кишвар нозукиҳои навиштани матлаб дар мавзӯҳои ҳассосро шарҳ доданд.
Коршиносони бахши ҳуқуқшиносӣ таъкид намуданд, ки мушкилоти қонунгузории ҷории кишвар яке аз омилҳои бархӯрди нодуруст бо журналистон ва блогнависон дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Аз ҷумла, гуфта шуд, ки Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО” ва Қонуни ҶТ “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ” дигар ҳама трендҳои муосир ва намудҳои нави фаъолияти рӯзноманигорӣ ва блогнависиро дар чаҳорчӯбаи қонун дароварда наметавонад. Аз ин лиҳоз, ҳоло зарурати бозбонии қонунҳои бахши расонаҳои кишвар пеш омадааст.
Ҳамчунин, зимни ин семинар моддаи 307-и Кодекси ҷиноятӣ, ки парвандаи чанд журналисти боздоштшудаи тоҷик бо он банду баст шуд, аз ҷониби ҳуқуқшиносон тафсир гардида, шарҳ дода шуд, ки дар кадом ҳолатҳо мақомоти тафтишотӣ метавонанд бо дастрасӣ ба ин моддаҳо парванда боз намоянд.
Ҳамин тавр, дар ин семинар ба журналистон, блогнависон ва мутахассисони бозорёбӣ дар бахши расонаҳои кишвар тарзи қонунии фаъолият дар бахши ВАО омӯзонида шуд.
Нархи “утилизатсия” танҳо барои мошинҳои воридшаванда боло меравад
Рӯзи матбуоти тоҷик. Имсол ба 9 нафар ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ тақдим гардид
Имтиёзҳои андозӣ ба корфармоҳое, ки шахсони дорои маъюбиятро ба кор мегиранд
Таътили баҳории хонандагони мактабҳо чанд рӯз давом мекунад?
Сироҷиддин Насриддинов – дипломат ва аввалин сафири Тоҷикистон дар Русия 85-сола шуд
ICB рушди футболи миллиро дастгирӣ мекунад
Тоҷикистон vs Ӯзбекистон. Чемпионат ва футболбозони ду кишвар чӣ қадар нарх доранд?
Имрӯз сокинони баъзе кӯчаву хиёбонҳои Душанбе то бегоҳ бебарқ мемонанд
Ҷаримаи 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар Душанбе
Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳои хавфи пасти ифротгароӣ дохил шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста