Сиҷоуддин Саломзода, раиси шаҳри Бохтар аз вазифаи озод ва ба ҷои ӯ Файзулло Баротзода, ки то ин дам раиси ноҳияи Лахш буд, таъин гаридааст. Ҳамчунин, Самӣ Шариф, раиси ноҳияи Исмоили Сомониро низ аз вазифа озод кардаанд.
Як манбаъи гуфт, тағйироти навбатии кадрӣ имрӯз, 11-уми январи соли равон оғоз шуд.
Ба иттилои ӯ, Киромиддин Холзода, ки то индам ҳамчун муовини раиси ноҳияи Данғара кор мекард, раиси ноҳияи Лахш таъин шудааст.
Маълум нест, ки Сиҷоуддин Саломзода ба кадом мансаб таъин гардидааст.
Ҳамчунин, Нурулло Мирзозода, ки то ин дам ҳамчун муовини раиси шаҳри Бохтар кор мекард, раиси ноҳияи Ҳамадонӣ таъин шудааст. Ӯ аз ин мансаб Бозоралӣ Одиназодаро иваз кардааст. Маълум нест, ки Одиназода ба кадом мансаб таъин шуд.
Манбаъи мо гуфт, Самӣ Шариф, раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе низ бо сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифа озод гардид. Ҳоло маълум нест, ки ба ҷои ӯ кӣ таъин гардидааст.
Шариф Самӣ моҳи январи соли 2017 раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ таъин шуда буд. Шариф Самӣ дар гузашта дар мансабҳои муҳиме, ба мисли раиси ширкати “Барқи Тоҷик” ва раиси шаҳри Қӯрғонтеппа (Бохтари ҳозира) кор кардааст.
Гуфта мешавад, ки тағйироти кадрӣ дар сатҳи роҳбарони шаҳру навоҳии дигари кишвар низ ҷой дорад. Вале фармони расмии барканорӣ ва таъини мансабдорони нав ҳоло нашр нашудааст.
Файзулло Баротзода қаблан дар вазифаҳои гуногуни ҳукумати шаҳри Бохтар то муовини аввали раиси шаҳр фаъолият карда буд. То таъинаш ба вазифаи раиси ноҳияи Лахш муовини аввали раиси ноҳияи Рӯдакӣ буд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 5-уми январи соли раовн бо қарори ҳукумат ва фармону амрҳои президенти кишвар чанде аз мансабдорони сатҳи баланд аз вазифа озод ва чандеи дигар ба вазифаҳои нав таъин гардида буданд. Аз ҷумла, Қурбон Ҳакимзода, ки чор соли охир раиси вилояти Хатлон буд, аз вазифа озод гардид. Ба ҷои ӯ, ҳамакнун собиқ муовини якуми сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид раиси вилоят таъйин гардид.
Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз вазифа озод ва ба ҷои ӯ Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, ҳамакнун раиси собиқи Агентии омори Тоҷикистон вазири меҳнат таъин гардид. Ба ҷои Ҳасанзода Гулнора Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси пешини Бонки миллии Тоҷикистон, ки чанд сол пеш аз вазифа озод гардида буд, таъйин шудааст.
Тоҷикистониёни гумонбари ҳамла ба “Крокус” аз лиҳози равонӣ солим эътироф шуданд
Давраи дуввуми музокираи Эрон ва Амрико рӯзи шанбе мегузарад. Дар музокираи аввал тарафҳо чӣ гуфтанду чӣ шуниданд?
Паёмади 5 заминларза дар минтақаи Рашт: 160 хонаи истиқоматӣ ва се мактаб зарар дидааст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҷароҳат” қисми 1
Сабзӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 2 баробар гарон шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 апрели соли 2025
Дар пайи заминларза дар Тоҷикистон як кӯдаки 3-сола ҷон бохта, 29 хона ва як мактаб зарар дидааст
Ҷазои сангин. Барои истифодаи ғайриқонунии барқ ва сарпечӣ аз пардохти пули он кӣ ва чӣ гуна муҷозот мешавад?
Чӣ бояд кард, агар телефонатонро дузданд ва ё он гум шуд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста