Хадамоти муҳоҷират ва гумруки Амрико 8 зодаи Тоҷикистонро бо гумони иртибот бо ДОИШ* дар шаҳрҳои Ню-Йорк, Лос-Анҷелес ва Филаделфия боздошт кардаанд. Дар ин бора хабаргузории NBC News аз қавли чанд манбаъи худ хабар додааст.
Як мақомдори амрикоӣ ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, ки дастикам ду нафар аз ин афрод баҳори соли 2023 вориди Амрико шудаанд ва як нафари дигар дар чаҳорчӯби барномаи давлатӣ барои паноҳҷӯён ба Амрико рафтааст.
Бар асоси гузоришҳо, гумонбарон собиқаи ҷиноӣ надоштаанд, вале пас аз дарёфти гузоришҳо дар бораи хатари эҳтимолии террористӣ аз Осиёи Марказӣ ҳамаи онҳо таҳти назорати Бюрои федеролии тафтишоти Агентии иктишофии дохилӣ ва мақомоти федералии ҳифзи ҳуқуқи ИМА (FBI) буданд.
Як мақоми аршади давлатӣ дар сӯҳбат бо “NBC News” тасдиқ кардааст, ки FBI чанд моҳ ин гурӯҳро таъқиб карда, фаъолият ва рафтуомадҳои онҳоро зери назорат гирифтааст. Онҳоро Идораи муҳоҷират ИМА (ICE) боздошт ва ҳоло дар боздоштгоҳи ин идора нигоҳдорӣ мешаванд.
Ҳоло расман онҳо ба терроризм айбдор намешаванд. Вале бо ин вуҷуд FBI Идораи муҳоҷирати ИМА-ро огоҳ кардааст, ки онҳо барои иртиботи эҳтимолӣ бо ДОИШ ба ҳабс гирифта шаванд.
Манбаъҳои “NBC News” гуфтаанд, ки дар доираи ин амалиёт ҳамчунин, як зодаи Ӯзбекистон ҳам дар Балтимор бо гумони пайвандӣ бо ДОИШ дастгир шудааст.
Дар як изҳороти муштараки Департаменти амнияти миллӣ ва FBI, ки рӯзи 11-уми июн нашр шуд, тасдиқ кардаанд, ки дар рӯзҳои охир ICE дар ҳамоҳангӣ бо FBI чанд нафар муҳоҷирро боздошт кардааст.
Ба гуфтаи манбаи CNN, “тафтишот ба ин хулоса нарасидааст, ки ин ҳашт нафар дар хориҷа омӯзиш дидаанд ё бо барномарезие ба ИМА фиристода шудаанд, то амалиётеро ба роҳ монанд, аммо ақидаҳои ифротгароии онҳо нигаронкунанда будааст”.
Гуфта мешавад, айни замон мақомот ба ихроҷи онҳо аз қаламрави Амрико талош доранд, чун барои исботи гуноҳи онҳо дар терроризм далелҳои кофӣ дар даст нест.
Дар ду соли охир садҳо муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон тавассути марзи Мексика вориди Амрико мешаванд. Вале ахиран мақомоти ИМА вуруди муҳоҷирон ба ин кишварро сахттар карданд.
Аз ҷумла, рӯзи 10-уми июн хабар расид, ки марзбонони иёлат (штат)-и Калифорнияи ИМА дастур гирифтаанд, ки муҳоҷирони ғайриқонуниро аз Тоҷикистону Ӯзбекистон, Қирғизистон, Русия, Гурҷистон ва Молдова, ки тавассути гузаргоҳи Сан-Диего вориди ин кишвар мешаванд, фавран ихроҷ кунанд.
Ин бори нахуст нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳоми терроризм дар хориҷи кишвар боздошт мешаванд. Аввали моҳи апрел Дар Туркия як шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми терроризм ва ба гумони омода кардани ҳамлаи террористӣ боздошт шуд.
Як ҳафта пас, пулиси Италия дар шаҳри Рум як шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистонро бо гумони терроризм ва узвият ба гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" ё ДОИШ боздошт карданд.
Ин вазъ мақомоти Тоҷикистон ва роҳбарияти кишварро ҳам нигарон кардааст. Аз ҷумла, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар аввали моҳи марти имсол дар дидор бо рӯҳониён гуфт, ки тайи се соли охир 24 шаҳрванди Тоҷикистон “дар 10 кишвари дунё ба амалҳои террористӣ, аз ҷумла дар анбӯҳи одамон таркондани худ даст задаанд”.
*Дар Тоҷикистон созмони террористӣ эътироф шудааст.
Дар чор соли охир ИМА 825 шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт ва 88 нафари онҳоро ихроҷ кардааст
Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон ҳам номзадҳояшро ба интихоботи парлумонӣ пешбарӣ кард. Онҳо чанд нафар ва киҳо ҳастанд?
Вазорати маориф: Дар Тоҷикистон ҷашнҳои солинавӣ дар макотиби олӣ, миёна ва кӯдакистонҳо манъ аст
Боздошти як сокини Хуҷанд барои ворид кардани “хлопушка” аз Қирғизистон
Содироти барқ аз Тоҷикистон дар моҳи ноябр 10,5% афзуд
“Акнун аз болои панҷара мегузаранд”. Дар Душанбе 17 гузаргоҳ барои пиёдагардонро барҳам доданд
"Хӯрок бомазза, касе намегурезад, аммо ба кӣ шикоят карданро намедонем". Ҳуқуқи сарбозон дар Тоҷикистон то куҷо риоя мешавад?
Коршиносони Русия хавфу хатарҳои асосиро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ муайян карданд
Даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2024 маълум шуданд
Шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт, ки 2 рӯз баста буд, боз шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста