Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ифтитоҳи парванда нисбати Ҳамрохон Зарифӣ, Акбаршоҳ Искандаров, Аҳмадшоҳ Комилзода ва Шокирҷон Ҳакимовро тасдиқ карда, гуфт, онҳо бо Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили парлумон, ки моҳи июн “барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” муттаҳам ва расман боздошт шуд, “дар ҳамкории зич қарор доштанд”.
Ӯ, ки имрӯз, 9-уми августи соли 2024, дар нишасти матбуотӣ сухан мекард, гуфт, нисбати нафарони зикршуда ва дигарон аз ҷониби Додситонии кул парванда боз шуда, мавриди тафтиш қарор дорад, аммо бо такя ба сири тафтишот ва муҳри махфӣ дар парванда аз пешниҳоди маълумоти бештар худдорӣ кард.
Юсуф Раҳмон танҳо гуфт, “касе, ки ба давлат, ба миллат, ба президент хиёнат мекунад, дар назди қонун ҷавоб медиҳад, навобаста ба он ки дар чӣ вазифа кор мекунад ё чӣ вазифаро ишғол карда буд”.
Вале ӯ мушаххас нагуфт, ки зери мафҳуми хиёнат кадом амали нафарони зикргардидаро дар назар дорад.
Додситони кул ба суоли батакрори рӯзноманигорон дар бораи он ки оё Ҳамрохон Зарифӣ, Акбаршоҳ Искандаров, Аҳмадшоҳ Комилзода ва Шокирҷон Ҳакимов расман боздошт шудаанд ва ҳоло дар куҷо қарор доранд, посух надод.
Ёдовар мешавем, ки хабарҳо дар бораи боздошти Ҳамрохон Зарифӣ, Акбаршоҳ Искандаров, Аҳмадшоҳ Комилзода ва Шокирҷон Ҳакимов баъди боздошти расмии Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) ва вакили парлумони кишвар пайдо шуданд.
14-уми июни соли 2024 зимни ҷаласаи парлумон Юсуф Раҳмон, додситони кул дар назди вакилон баромад карда, иттилоъ дод, ки нисбати Саидҷаъфар Усмонзода “барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” ё моддаи 306 қисми 2 банди "в"-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз шудаву дар тафтишот қарор дорад. Аз ин лиҳоз, ӯ аз вакилони парлумон хост, барои аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум кардан ва ба ҳабс гирифтани Саидҷаъфар Усмонзода розигӣ диҳанд. Ин хоҳиши ӯ қонеъ карда шуд.
Ҳамин тавр, баъди боздошти Усмонзода хабарҳо дар бораи боздошти Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии пешин ва Акбаршо Искандаров, раиси Шӯрои олии пешин ва роҳбари муваққатии Тоҷикистон дар оғози солҳои навадум расонаӣ шуданд. Баъдтар манобеи гуногун аз боздошти Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини аввали раиси ҲДТ низ хабар доданд.
Ахиран, чанд манбаъ тасдиқ карданд, ки Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси Ҳизби сотсиат-демократи Тоҷикистон низ боздошт шудааст.
Аммо ба ҷуз аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки боздошти Акбаршо Искандаровро тасдиқ кард, ҳеҷ ниҳоде расман боздошти нафарони зикршударо таъйид накарда буд.
Ин бори аввал аст, ки Додситонии кулли кишвар ифтитоҳи парванда нисбати Ҳамрохон Зарифӣ, Акбаршоҳ Искандаров, Аҳмадшоҳ Комилзода ва Шокирҷон Ҳакимовро тасдиқ мекунад ва таъкид менамояд, ки он бо парвандаи Саидҷаъфар Усмонзода иртибот дорад.
Кӯчаҳои камодам, сокинони ҳаросон, посбонӣ дар гирди гулхан. Гузориш аз як деҳаи Конибодом, ки дар як шаб 4 касро куштанд
Фавти 2 кӯдак аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт дар Шаҳристон
Эмомалӣ Раҳмон бори дигар раиси ҲХДТ интихоб шуд. Ба вазифаи муовинони ӯ киҳо интихоб шуданд?
Мошинро аз дарё берун оварданд, вале ҷасадҳо нест. Ҷустуҷӯи ҷасади ронанда ва 2 мусофир идома дорад
Муҳокима дигарбора оғоз шуд. Манобеъ мегӯянд, “ба эҳтимоли зиёд то охири сол ҳукми чеҳраҳои шинохтаи боздоштшуда содир мешавад”
Даргузашти "Суқрот"-и тоҷик дар Душанбе
Тоҷикистон даъват кард, ки дар пасманзари биёбоншавии ҷаҳонӣ пиряхҳо ҳифз шаванд
“Беҳтарин ҳамсар” ва “Беҳтарин оилаи ҳунарманд”-и Тоҷикистон маълум шуд. Онҳо кистанд ва чӣ гуна ғолиб шуданд?
Боздошти як шаҳрванди Ӯзбекистон бо гумони даст доштан дар куштори генерали рус Игор Кириллов
Ҳизби аграрӣ ҳам барои омодагӣ ба интихоботи парлумонӣ анҷуман баргузор мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста