Аввалин бонки молиявии хурд имсол бистумин солгарди таъсисёбии худро ҷашн мегирад. Тӯли ин солҳо Аввалин бонки молиявии хурд як бонки қобили эътимоди садҳо ҳазор тоҷикистониён гардидааст ва ба онҳо кумак мекунад, то сатҳи зиндагии худро беҳбуд бахшанд. 

 

Аввалин ва боэътимодтарин

Аввалин бонки молиявии хурд дар Тоҷикистон, ки асосан ба пешниҳоди қарзҳои хурд диққат дошт, соли 2004 ифтитоҳ ёфт. Бонк дар заминаи мустаҳкам дар бахши маблағгузории хурд, доираи хизматрасониҳои худро барои самараноктар қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти гуногуни молиявии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тадриҷан васеъ намуд.

Агар ба гузашта назар афканем, хоҳем дид, ки Бонк тамоми марҳалаҳои рушди иқтисоди Тоҷикистонро бо ҳама пастиву баландиҳо ва монеаҳояш паси сар карда, имкониятҳои рушдро ҷустуҷӯ менамояд ва устуворона ба пеш қадам мегузорад.

Танҳо ташкилотҳои қарзии молиявие, ки роҳбарияташон қодир ба пешгӯӣ ва бартараф кардани номутаносибҳои молиявии ҷаҳониро доро мебошанд, метавонанд, аз ин ҳама ноустувориҳо наҷот ёбанд ва дороиҳои худро ҳифз ва афзун намуда, шарики боэътимоди мизоҷони худ боқӣ бимонанд.


 

Аз қарзҳои хурд то доираи васеи хизматрасониҳо

Аввалин бонки молиявии хурд дар марҳилаи аввал танҳо як коргоҳи асосӣ дошт, ки дар он 80 нафар фаъолият мекарданд ва дороиҳояш дар он замон 10 миллион сомонӣ (қариб 3,3 миллион доллар бо қурби миёнаи соли 2004)-ро дар бар мегирифт. Бонк тадриҷан тавсеа ёфта, дар саросари кишвар, аз ҷумла дар шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ, Рашт, Кӯлоб ва Бохтар ва дар навоҳии дурдаст, аз қабили Мурғоб, Ишкошим, Нуробод ва Тоҷикобод филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкии худро боз кард. Айни замон Бонк дорои 8 филиал ва зиёда аз 40 маркази хизматрасонии бонкӣ мебошад, ки хизматрасониҳои гуногунро ҳатто барои сокинони дурдасттарин манотиқи Тоҷикистон дастрас месозад.

Аввалин бонки молиявии хурд имрӯз ба як муассисаи бузурги молиявӣ табдил ёфтааст, ки дар тамоми минтақаҳои кишвар фаъолият мекунад. Имрӯз Бонк ба мизоҷон ба ҷуз аз қарзҳои хурд доираи васеи қарзҳо, пасандозҳои гуногун, хизматрасониҳои интиқоли пул, кортҳои пардохтӣ, интиқоли маблағҳои дохилӣ ва хориҷӣ, хизматрасониҳои молиявии рақамӣ ва банкоматҳоро пешниҳод менамояд.

Ба гуфти Раиси Аввалин бонки молиявии хурд Мирзосафар Сафаров, роҳбарияти Бонк ба ҷалби таваҷҷуҳи ҳар як мизоҷи эҳтимолӣ бовар дошт: “Аз ин рӯ, мо на танҳо ба онҳое, ки таърихи қарзии хуб доранд, балки ба онҳое, ки нав ба тиҷорат шуруъ мекунанд, қарзҳои гуногун пешниҳод кардем. Ба шарофати ин, то соли 2024 беш аз 200 ҳазор нафар мизоҷони мо шуданд, ки ҳар яки онҳо имкони амалӣ гардонидани орзуҳои худро пайдо карданд".


 

Мизоҷони корпоративӣ ва барномаҳои ҳамкорӣ

Аввалин бонки молиявии хурд имрӯз ба мизоҷони маъруфи корпоративӣ, аз ҷумла Coca Cola, Turkish Airlines, SCODA ва бисёре аз дигар брендҳои маъруф хизмат мерасонад. Бо созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳои хориҷӣ ҳамкорӣ намуда, барномаҳо ва лоиҳаҳои башардӯстонаи онҳо, аз қабили Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ (WFP)-ро дастгирӣ мекунад.

Бонк аз ҷумла дар амалӣ шудани Барномаи маблағгузории манзил дар деҳотро дар якҷоягӣ бо Бонки рушди Олмон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм дорад.

Он инчунин, барномаи Accelerate Prosperity-ро тавассути маблағгузории стартапҳои ҷавонон дастгирӣ намуда, ба зиёда аз 200 мизоҷ беш аз 40 миллион сомонӣ пешниҳод кардааст.

Илова бар ин, Аввалин бонки молиявии хурд бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҷиҳати ҷалби занону ҷавонон ба тиҷорат ва ба ин васила дастгирии иқтисоди сабз ҳамкорӣ менамояд.

Бонк аз 1-уми декабри соли 2023 замимаи мобилии “FMFB Mobile”-ро мавриди истифода қарор дод, ки бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) буда ва дар вақти дилхоҳ (24 соат) зиёда аз 400 намуди амалиётро иҷро мекунад.


 

Дастовардҳо

Соли 2017 Аввалин бонки молиявии хурд аз Осиёи Марказӣ нахустин ва ягона узви Алянси ҷаҳонӣ оид ба арзишҳои бонкдорӣ (GABV) гардид. Дар ҳамон сол, Бонк дар ҷоизаи Аврупоии маблағгузории хурд иштирокчии нимфинал шуд.

Дар соли 2009 Бонк “Ҷоизаи бонки байналмилалии технология ва амалиёт дар Тоҷикистон”-ро дар бахши “Бонкдорӣ ва молияи Осиё” (ABF) зери номинатсияи “Хидматрасонии умумии бонкӣ” ба даст овард.

Бонк давоми ду соли охир дар озмуни Бонки миллии Тоҷикистон дар номинатсияи “Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи қарзҳои додашуда/маблағгузории исломӣ ба бонувони соҳибкор” ғолиб гардид.

Бонк инчунин, аз ҷониби VISA барои дастовардҳо дар соҳаи идоракунии хавфҳо ҷоизаи махсуси “Rising Star Visa Risk Management”-ро соҳиб гашт. Аввалин бонки молиявии хурд ҳамкориро бо Visa, ки ба бехатарӣ ва ҳифзи маълумот нигаронида шудааст, фаъолона тавсеа дода, технологияҳои пешрафтаро дар ин самт пайваста ҷорӣ мекунад.


 

Ҳадафҳо

Аввалин бонки молиявии хурд ният дорад, ки шабакаи худро васеътар намуда, технологияҳои нави муосирро ҷорӣ намояд ва ба ин тариқ сифати хизматрасониҳои худро боз ҳам беҳтар созад. Бонк мақсад дорад, ки нақши худро дар дастгирии иқтисоди сабз тавассути пешниҳоди маблағгузорӣ барои чунин лоиҳаҳо тақвият диҳад.

Аввалин бонки молиявии хурд дар доираи “Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ҷиҳати баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолии Тоҷикистон фаъолона кор мебарад. Бонк дар ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон лоиҳаи “Саводнокии молиявӣ”-ро амалӣ менамояд. Дар доираи ин лоиҳа дар саросари кишвар, ҳатто дар ноҳияҳои дурдаст семинарҳо барпо карда мешаванд. Дар ин чорабиниҳо мутахассисони варзидаи Бонк ба сокинон асосҳои саводнокии молиявиро меомӯзонанд, дар бораи аҳамияти пардохтҳои ғайринақдӣ, истифодаи кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ маълумотҳои муфид ироа мекунанд.

Аввалин бонки молиявии хурд дастурамали махсуси “Маърифати молиявӣ”-ро бо маълумотҳо оид ба идоракунии самараноки буҷаи оилавӣ омода ва нашр кардааст, ки дар семинарҳо ва дигар чорабиниҳои гуногун байни аҳолӣ паҳн карда мешавад.


Соли ҷорӣ Бонк маҳсулоти навро (QuickLoan) ҷорӣ намуд, ки ба беҳтар намудани таҷрибаи қарздиҳӣ тавассути рақамикунонии хизматрасониҳо нигаронида шудааст. Акнун мизоҷони Бонк метавонанд бидуни омадан ба идораи Бонк тавассути ҳамёнҳои мобилӣ ва кортҳои бонкӣ қарз гиранд. Ин усули нав ба мизоҷон имкон медиҳад, ки ниёзҳои молиявии худро зуд ва бароҳат қонеъ намоянд.

Аввалин бонки молиявии хурд, инчунин, ба Мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба парапланеризм барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар доманакӯҳҳои Хуррамзамини ноҳияи Данғара баргузор шуд, сарпараст гардид. Дар ин мусобиқа варзишгарон аз саросари ҷаҳон, аз ҷумла Ҳиндустон, АМА, Русия ва ИМА ширкат карданд.

“20-солагии Бонкро ба ҳамаи онҳое, ки аз хизматрасониҳои Аввалин бонки молиявии хурд истифода кардаанд ва ҳоло ҳам истифода мебаранд, онҳое, ки дар рушди Бонк саҳм гузошта, неру ва ҳаёти худро ба он бахшидаанд ва ба он нафароне, ки  имрӯзҳо низ дар ҳайати он сарбаландона кор мекунанд, самимона табрик мегӯям. Ба нафъи мардум монда нашуда меҳнат карданро давом диҳед” - мегӯяд Мирзосафар Сафаров.

Ба гуфти ӯ, хидмат ба мардум ба инсон неру мебахшад, рӯҳия медиҳад ва шавқи корро дар дил ҳамеша зинда нигоҳ медорад.

“20 сол танҳо ибтидои сафари тӯлонист. Мо ба мизоҷони худ барои боварӣ ва дастгирӣ изҳори сипос мегӯем ва умедворем, ки ҳамкориҳои минбаъда бо дастгирии фаъолона ба рушди иқтисоди Тоҷикистон мусоидат мекунанд. Ба ҳама саломатӣ, хушнудӣ, хушбахтӣ, ва пешрафту комёбиҳои беназир таманно дорем”.

Мирзосафар Сафаров

 

Маълумот дар бораи Аввалин бонки молиявии хурд

Мизоҷон: зиёда аз 200 000 нафар;

Дороиҳо: зиёда аз 1 млрд сомонӣ;

Сандуқи қарзӣ: зиёда аз 700 миллион сомонӣ;

Сандуқи сармоягузорӣ: зиёда аз 100 миллион сомонӣ;

Сандуқи амонатӣ: зиёда аз 900 миллион сомонӣ;

Кормандон: тақрибан 900 нафар.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.