ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 1 ФЕВРАЛ

Имрӯз, дар Тоҷикистон ҷашни Сада таҷлил мешавад. Ба ин муносибат соати 9:00, дар Боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ маросими расмии таҷлили ин ҷашни бостонӣ мегузарад. 

Шаҳрдории Душанбе барои сокинон ва меҳмонони пойтахт саёҳати ройгон бо автобус таҳти унвони “Сайри Сада” ташкил менамояд. Автобус соати 8:30 аз назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ҳаракат мекунад.

Соли 1993 – Дар шаҳри Душанбе Намояндагии аввали Созмони Милали Муттаҳид – Дафтари нозирони СММ дар Тоҷикистон кушода шуд.

Соли 1998 – Нахустин намояндагони мухолифин ба ҳукумати Тоҷикистон ворид шуданд.

Соли 1999 – Роҳи мошингарди Кӯлоб-Дарвоз мавриди истифода қарор гирифт.

Соли 2002 – Бо фармони Президенти Тоҷикистон дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ мақомоти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ барҳам дода шуд.

Соли 2010 – Дар Тоҷикистон шиносномаҳои биометрӣ ҷорӣ карда шуданд.

Соли 2012 – Ҷазо барои рондани мошин дар ҳолати мастӣ сахттар шуд.

Соли 2012 – Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи аслиҳа” тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд силоҳи пневматикиро харидорӣ кунанд, бояд аз Вазорати корҳои дохилӣ иҷозат гиранд.

Соли 2020 – Дар Тоҷикистон ситоди доимии мубориза бо паҳншавии коронавирус таъсис ёфт.

Соли 2023 – Ҷорӣ кардани кодҳои IMEI ба системаи давлатии идентификацияи воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ оғоз ёфт.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1930 – Мавлуди Хайрулло Абдуллоев, оҳангсози тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Хайрулло Абдуллоев

Хайрулло Амонов яке аз оҳангсозони кишвар буда, солҳо дар Театри мусиқӣ-драмавии Кӯлоб, омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе, Сарредаксияи барномаҳои мусиқии студияи телевизиони тоҷик ва Вазорати фарҳанг фаъолият бурд ва муддате роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон буд.

Эҷодиёти ӯ обуранги хоси миллӣ дошта, аз анъанаҳои мусиқии халқии тоҷикӣ ва фолклор баҳра бардоштааст. Ӯ достонҳои вокалӣ-симфонии “Нолаи Таҳмина”, “Ахтари инқилоб” буда, барои намоишномаҳои “Карим Девона”, “Қишлоқи тиллоӣ”, “Рустам ва Суҳроб”, “Дохунда” оҳанг эҷод кардааст.

Соли 1938 – Зодрӯзи Мадиброҳим Норматов, забоншинос, доктори илмҳои филология.

Мадиброҳим Норматов

Мадиброҳим Норматов яке аз забоншиносони саршиноси тоҷик буда, чандин китобу дастурҳои забоншиносӣ таълиф намуддааст. “Забони адабии ҳозираи тоҷик” (қисмати синтаксис), ки китоби рӯйимизии забоншиносон ва омӯзгорон маҳсуб меёбад, заҳмати ин олими тоҷик аст. Ҳамчунин ӯ муаллифи китобҳои “Муқаддимаи забоншиносӣ”, “Забоншиносии умумӣ” ва даҳҳо китобу мақолаҳо дар ин соҳа аст.

Соли 1949 – Мавлуди Алибой Қурбонов, риёзидон, тарҷумон, қомуснигор ва донишноманависи тоҷик.

Алибой Қурбонов

Алибой Қурбонов аслан механик-математик буда, дар таълифи як қатор донишномаҳо (энсиклопедия), махсусан, барои донишномаҳои соҳавӣ саҳми бориз дорад,

Ӯ собиқаи 40-солаи донишноманигорӣ дошта, дар таҳия, тадвин ва нашри “Энсиклопедияи советии тоҷик” (8 ҷилд), “Қонуни тиб”-и Абӯалӣ ибни Сино, “Энсиклопедияи насри форсу тоҷик”, “Ёддоштҳо”-и Айнӣ заҳмат кашидааст. Ӯ барои ин қомусҳо беш аз 120 мақола навиштааст.

Соли 1952 – Маҳмадсаид Убайдуллоев, собиқ раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва раиси пешини шаҳри Душанбе.


Маҳмадсаид Убайдуллоев зодаи ноҳияи Фархор буда, Донишкадаи Политехникии Тоҷикистон ва Донишкадаи Политехникии ба номи Ленини Харковро хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатии ӯ чун сармуҳандиси гурӯҳи идора ва назорати корҳои шабакаҳои иттилоотӣ-ҳисоббарорӣ ва мошинҳои ҳисоботии Кӯлоб оғоз гардида, солҳо дар мақоми роҳбарикунандаи сохторҳои гуногун фаъолият бурдааст.

Баъди ду соли муовини якуми сарвазири Тоҷикистон будан, соли 1996 раиси шаҳри Душанбе интихоб гардид ва 21 сол дар ин мақом ифои вазифа кард. Ҳамчунин, 20 сол-солҳои 2000-2020 раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Ӯро яке аз мансабдорони собиқадор ва коркуштаи ҳукумати Тоҷикистон медонанд, ки дар рӯзҳои аввали ташкили ҳукумат дар паҳлӯи президент буд.

Соли 1962 – Зодрӯзи Маҳмадалӣ Ватанзода, ҳуқуқшинос, муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ.

Соли 1974 – Фазлиддин Шаҳобов, оҳангсоз, сарояндаи шашмақом ва мусиқишиноси тоҷик дар синни 62-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 2001 – Субҳонҷон Давронов, адабиётшиноси тоҷик, номзади илмҳои филологӣ дар 69-солагӣ аз дунё чашм баст.

Соли 2009 – Боймуҳаммад Ниёзов, овозхони маъруфи тоҷик, устоди “Шашмақом” дар синни 81-солагӣ аз олам даргузашт.

Боймуҳамад Ниёзов, овозхони маъруфи тоҷик соли 1927 дар Хуҷанд ба дунё омадааст. Падару бобояш низ аз сарояндаву навозандагони маъруфи давр будаанд, ки Боймуҳаммад Ниёзов низ аз пайи онҳо ба саҳнаи санъат ворид шудааст. Ӯ сарояндаи маъруфи “Шашмақом” буда, ҳамзамон дар чанд филм ҳунарнамоӣ низ кардааст. Аз ҷумла, дар намоишномаҳои “Равшан ва Зулхумор”, “Фарҳод ва Ширин”, “Ду ҳусну ду ишқ” нақш офаридааст.

Наберааш Таҳмина Ниёзова низ ба ҷодаи санъат қадам ниҳода, ин касби авлодиашро идома медиҳад.

Соли 2009 – Муҳаммадзамони Солеҳ, нависандаи шинохтаи тоҷик дар синни 58-солагӣ аз олам чашм баст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

1 феврал Рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб – атрибути либоси занона дар ҷаҳони ислом таҷлил мешавад. Ин рӯзро Назма Хон, зодаи Бангладеш таъсис додааст.


Назма Хон бо таъсиси ин ҷашн ҳадаф дошт, ки ба тамоми ҷаҳониён бирасонад, ки пӯшидани ҳиҷоб нишонаи мансубият ба ягон созмон ё фирқаи террористӣ ва ҳадафи эътирози иҷтимоӣ алайҳи фарҳанги суннатии давлатҳои насронӣ нест.

Назма Хон бо таъсиси як сомонае ба амалӣ сохтани андешаҳои худ шурӯъ кард, ки дар он дар бораи таърихи ҳиҷоб, ҳадаф ва нақши он дар ҷаҳони ислом қисса карда, имконоти пӯшидан ва шеваҳои мухталифи ҳиҷобро нишон медод.

Имрӯз дар ИМА Рӯзи озодии миллӣ таҷлил мешавад. Дар ин рӯзи соли 1865 Авраам Линколн, раисиҷумҳури ИМА дар бораи ворид кардани ислоҳи 13-ум ба Констиутсияи ИМА, ки ғуломиро аз байн бурд, қарори Конгрессро имзо кард.


Имрӯз дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии шириниҳоро таҷлил мегардад. Шириниҳо тақрибан дар ғизои тамоми кишварҳои ҷаҳон мавҷуданд. Онҳо таърихи худро доранд ва намуди зоҳирии баъзе аз онҳо ҳатто ривоятҳо доранд ва баъзе бо номи шахсиятҳои маъруфи таърихӣ алоқаманданд.


 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 1 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5º сард, рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10-15º сард, рӯзона -3+2º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5º сард, рӯзона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2-7º сард, рӯзона 4+9º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ –  Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1º, рӯзона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 10-15 то 4-6º сард, рӯзона аз 1+6º гарм то 3-5º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 12-17º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 3-5º сард, рӯзона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 5+7º гарм, дар шарқи вилоят шабона 27-32º сард, дар баъзе минтақаҳо то 35-40º сард, рӯзона аз 10-15º то 16-21º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 1-3º сард, рӯзона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 2-4º сард, рӯзона 3+5º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 1-3º сард, рӯзона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 14-16º сард, рӯзона 3-5º сард. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.