Душанбе. 31-уми май. «Азия-Плюс» — | Дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ аз ҳама бештар сокинони шаҳри Кӯлобу ноҳияи Данғара аз пардохти маблағи истифодаи барқ қарздор шудаанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» хабар доданд, дар зарфи чаҳор моҳи соли равон сокинони шаҳри Кӯлоб ҳамагӣ каме бештар аз нисфи маблағи истифодаи барқ ва аҳолии ноҳияи Данғара 56% аз ҳаҷми умумии онро пардохт кардаанд. «Дар ин давра сокинони ноҳияи Рашт аз ҳамаи шаҳру навоҳӣ зиёдтар – 92%-и маблағи истифодаи барқро пардохтанд», - гуфтанд дар ширкат.
Бино ба маълумоти ширкати мазкур, ҳаҷми маблағи пардохтаи аҳолии муқими шаҳри Душанбе барои истифодаи нерӯи барқ дар ин давра 72,7%-ро ташкил медиҳад. «Дар маҷмӯъ, дар ин давра аҳолии ҷумҳурӣ аз ҳаҷми умумӣ 67,9-и маблағи истифодаи барқро пардохт кард», - афзуд сарчашма.
Ёдрас мекунем, ки айни замон тарофаҳои пардохти маблағи истифодаи барқ барои аҳолӣ бо назардошти ААИ, ба ҷуз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки низоми энергетикии автономии ҷудо аз ширкати «Барқи тоҷик»-ро доро аст, 9 дирам барои 1 кВт/соатро ташкил медиҳанд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 марти соли 2025
Нархи “утилизатсия” танҳо барои мошинҳои воридшаванда боло меравад
Рӯзи матбуоти тоҷик. Имсол ба 9 нафар ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ тақдим гардид
Имтиёзҳои андозӣ ба корфармоҳое, ки шахсони дорои маъюбиятро ба кор мегиранд
Таътили баҳории хонандагони мактабҳо чанд рӯз давом мекунад?
Сироҷиддин Насриддинов – дипломат ва аввалин сафири Тоҷикистон дар Русия 85-сола шуд
ICB рушди футболи миллиро дастгирӣ мекунад
Тоҷикистон vs Ӯзбекистон. Чемпионат ва футболбозони ду кишвар чӣ қадар нарх доранд?
Имрӯз сокинони баъзе кӯчаву хиёбонҳои Душанбе то бегоҳ бебарқ мемонанд
Ҷаримаи 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста