Бонки осиёгии рушд (БОР) суст шудани рушди иқтисоди Тоҷикистон то 4,8% дар соли 2017 ва болоравии он то 5,5% дар соли 2018-ро пешгӯӣ мекунад. Дар ин бора дар нашрияи «Гузориши рушди Осиё-2017»-и Бонк хабар дода мешавад.

«Рушди иқтисод дар Тоҷикистон дар сли 2017 дар сатҳи 4,8% пешбинӣ мегардад, зеро талафоти зиёд аз қарзҳо пешниҳоди ин хизматгузории бонкиро маҳдуд карда, сатҳи пасти интиқоли маблағҳо истеъмолро коҳиш медиҳад», - омадааст дар гузориш.

Иҷрокунандаи вазифаи намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Тоичик Чансават зикр кардааст, ки барои дастгирии рушди бахши хусусӣ ва афзоиши устувор, ба Тоҷикистон барои барқарор намудани бахшҳои бонкӣ ва молиявӣ ислоҳоти таъҷилӣ зарур аст.

Таҳлилгарони БОР ба Тоҷикистон дар дурнамои миёнамуҳлат баланд бардоштани нишондиҳандаи кофӣ будани сармоя барои болоравии эътимод ба низоми бонкӣ, таҳияи тартиби суғуртаи қарз ва кафолат баҳри пешбурди маблағгузории содирот, ҷорисозии хизматгузоиҳои бонкии бештар мусоид ва муосир ва аз бонкҳо талаб кардани ифшои маълумот доир ба моликон ва нишондиҳандаҳои молиявиро тавсия медиҳанд.

Пешгӯӣ мешавад, ки соли 2017 сатҳи таваррум дар Тоҷикистон то 8,0% боло рафта, соли 2018 то ба 7,0% поин меравад. Соли 2016 мизони таваррум дар Тоҷикистон 6,1%-ро ташкил дода буд.