Аз моҳи июли соли равон дафтарҳои кории ҳамаи экспресс-хадамоти байнулмилалии почтаи DHL, UPS, TNT, Pony Express дар Тоҷикистон баста шуд. Дар бозор амалан танҳо EMS Tajikistan боқӣ монд, ки дар назди «Почтаи тоҷик» амал мекунад. EMS Tajikistan аз уҳдаи кор мебарояд?
Директори генералии «Почтаи тоҷик» Саидалӣ Мирзоев дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки моҳи феврали соли 2017 ба қонун «Дар бораи алоқаи почтавӣ» тағйирот ворид шуда, мувофиқи он, ин навъи хизматгузорӣ тариқи иҷозатнома амалӣ мешавад. Иҷозатномаро Хадамоти алоқа медиҳад, ки «Почтаи тоҷик» як воҳиди он аст.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи июни соли равон Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба дафтарҳои кории чор ширкати бузурги байнулмилалии хизматгузории почтавӣ - DHL, UPS, TNT, Pony Express муҳр зада, ин амалашро чунин маънидод кард, ки ин ширкатҳо барои фаъолият иҷозатнома нагирифтаанд.
Баъди боздошти фаъолияти ширкатҳои байнулмилалии почтавӣ, ягона чунин ширкати номарасону ирсолгари чизу амонат дар Тоҷикистон тариқи почта - «Почтаи тоҷик» боқӣ монда, хадамоти ирсолгари EMS (Express Mail Service) Tajikistan воҳиди сохторӣ дар ҳайати он мебошад.
Намояндагони хадамоти байнулмилалии почтавӣ ба он ишора мекунанд, ки аз талошҳои онҳо барои гирифтаи иҷозатнома натиҷае ҳосил нашуда, онҳо то ҳол барои кор дар Тоҷикистон шароит надоранд.
Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ бо истинод ба Ҷонибек Дадоматов, сардори яке аз раёсатҳои Хадамоти алоқа хабар дода буд, ки дархости почтаи байналмилалии DHL-ро барои сабтином дар кишвар рад кардааст. Масъулони ин ниҳод гуфтаанд, ки намояндагони DHL дар санадҳои пешниҳодӣ ба камбуд роҳ додаанд. Аммо масуъулин дақиқ нагуфтаанд, ки камбуди DHL дар таҳияи санадҳо аз чӣ иборат буд ва бояд дар кадом шакл ислоҳ шавад.
Суръат начандон баланд, вале тарифҳо пастанд
- Қариб дар як вақт «Почтаи тоҷик» бо пешниҳоди ҳамкорӣ расман ба раҳбарияти DHL, UPS, TNT муроҷиат кард, - мегӯяд роҳбари оператори давлатии почтавӣ.
Ба гуфтаи Мирзоев, бо онҳо бо шарти ҳамчун филиали ин ширкатҳо амал кардани «Почтаи тоҷик», ки иҷозатнома дорад, ҳамкорӣ пешниҳод шуда, дар сурати мувофиқа, «Почтаи тоҷик» ҳамаи маводи ирсолиро тариқи воситаҳои ин ширкатҳо дар дохили Тоҷикистон, ба нуқтаи таъинот мерасонад. То ҳол аз ин ширкатҳо посух нарасидааст.
Муовини директори генералии «Почтаи тоҷик» Шодӣ Раҳмонов мегӯяд, EMS Tajikistan бо DHL, UPS, TNT натанҳо аз рӯи хизматгузориҳои муайян, балки аз лиҳози арзиши он низ рақобат карда метавонад.
Намояндагони «Почтаи тоҷик» изҳор мекунанд, ки ҳарчанд айни замон сураъти ирсоли онҳо начандон баланд аст, вале нисбат ба DHL тарифҳои онҳо пасттар аст.
Мувофиқи нархгузориҳо дар сомонаҳои хадамоти байнулмилалии почтавӣ, зимни фиристодани чизе ба кишварҳои хориҷи наздик, ки ба минтақаи 1 дохил мешаванд, барои 1 килои бор 53 доллар мегиранд ва ин ҳам дар ҳолест, ки EMS Tajikistan, тибқи маълумоти тарифҳо дар сомонааш, онро ба ивази 24 доллар мефиристад. Фиристодани чиз ба минтақаи 3, ки ба он кишварҳои аврупоӣ шомиланд, маслан тариқи TNT бо 62 доллар барои 1 кило ва EMS (шарики почтаи тоҷик) бо 45 доллар интиқол дода мешавад. Ирсоли бори ҳамин вазн ба ИМА (минтақаи 5) тариқи DHL - 71 доллар ва тавассути EMS - 63 доллар нарх дорад.
Натиҷагирӣ аз кор ҳоло барвақт аст
Ба гуфтаи Раҳмонов, ғайр аз ин, бар асоси ғайринақдӣ EMS Tajikistan дар бораи хизматгузорӣ бо зиёда аз 30 ширкатҳои байнулмилаливу ватанӣ шартнома бастааст.
Ба чанде аз ин ширкатҳо бобати баҳодиҳиашон ба сифати ин хизматгузориҳо муроҷиат кардем, вале маълум шуд, ки бо ин ширкат онҳо танҳо чанде пеш кор мекунанд.
- Мо ҳамагӣ ду бор ба хориҷи Тоҷикистон бор фиристодем. Алҳол эроде надорем, - гуфтанд дар ширкати Babilon-M.
- Тариқи EMS Tajikistan мо чандин маротиба номаву бандерол ба ИМА фиристодем. Шартномаро аввали моҳи сентябр ба имзо расонидем ва баҳодиҳӣ алҳол барвақт аст, - изҳор доштанд дар дафтари барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон.
Дар чанде аз дигар ширкатҳо низ аз ҳамагӣ чанде пеш ба имзо расидани шартнома ҳарф зада, посухҳояшон қариб ҳамон гуфтаҳои дар боло зикршуда буд.
Дар як қатор ширкатҳои байнулмилалӣ аз шарҳи масъала қотеъона худдорӣ варзида, танҳо зикр карданд, ки «то ба сатҳи хизматгузории хадамоти байнулмилалии ирсол расидани EMS Tajikistan ҳоло вақти зиёде лозим аст».
42 рӯз дар роҳ ё Тобистон шиновариву зимистон лижасаворӣ?
Айни замон дар Тоҷикистон 30 шуъбаи алоқа фаъолият доранд, ки дорои нуқтаҳои қабул ва ирсоли номаву борҳои EMS Tajikistan мебошанд.
Ба қавли сармутахассиси EMS Tajikistan Абдувоҳид Ашӯров, муштарии EMS Tajikistan роҳи ирсоли почтавиро дар реҷаи онлайн дар сомонаи www.emspost.ru пайгирӣ карда метавонад.
Дар ҳамин ҳол, ин сомона ба хадамоти экспресс-ирсоли EMS Russian Post тааллуқ дорад, ки филиали Корхонаи федералии воҳиди давлатии «Почта России» мебошад. Мутаносибан, ба ирсоли номаву бор ба хориҷи Тоҷикистон на худи ширкати EMS Tajikistan машғул аст, балки барои ин аз имконоту воситаҳои «Почта России» истифода мешавад.
Мо тасмим гирифтем, ки як озмоише гузаронем. Нимаи моҳи сентябр аз шаҳри Хуҷанд ба яке аз шаҳрҳои ИМА нома фиристодем.
Корманди дафтари EMS Tajikistan дар Хуҷанд дар вақти таъингардида ҳозир шуд. Зан боназокату хушмуомила буд. Муддати чанд дақиқае номаро ба расмият дароварда, ба лифофаи махсус (фирмавӣ) гузошт.
- Нархи ирсол 440 сомонӣ (50 доллар) мешавад. Вазифаи ман иҷро шуд, мактуби шуморо мо ба маркази тақсимот ба Душанбе мефиристем. Аз он ҷо номаро ба нуқта ё шахси таъиншуда мефиристанд.
Ба савол доир ба чаро аз Хуҷанд ирсол нагардидани номаву чизҳо ӯ мухтасар чунин посух дод: «Ҳамааш тариқи нуктаи тақсимот дар Душанбе ирсол мегардад. Қоидаҳо чунинанд. Нома ба шахс ё нуқтаи таъиншуда муддати 10-12 рӯз мерасад».
Мо кӯшиш кардем, ки роҳи ин ирсолро дар сомонаи www.emspost.ru пайгирӣ созем. Панҷ рӯзи аввал сервис мегуфт, ки маълумот вуҷуд надорад. Сипас маълумот пайдо шуд, ки нома ба Домодедово (Маскав) расидаааст. Рӯзи 6-ум нома маркази тақсимотро тарк карда, ба ҷойи транзит (маҳз куҷо - зикр намешавад), ба самти гиранда фиристода шуд. Баъди як рӯзи дигар он ба дигар маркази тақсимот омада, боз бо гузашти ду рӯзи дигар - то маркази тақсимот ва ҷойи транзит дар Внуково (Маскав) расид. Ҳамин тариқ, «равуои пурмашаққат»-и нома дар Тоҷикистон панҷ рӯз ва дар Маскав низ боз панҷ рӯзи дигарро дар бар гирифт.
Дувоздаҳ рӯзи ваъдагӣ гузашт, лекин алҳол маълум нест, ки он кай ба нуқтаи таъиншуда мерасад, албатта, агар замоне расиданӣ бошад…
- Бар асоси мисолҳои монополия кардани қариб ҳама соҳаҳо дар Тоҷикистон, доир ба чӣ гуна ба тиҷорат машғул нашудан метавон китобҳо навишт, - мегӯяд иқтисодчӣ Амриддин Алиев. - Манъи кори ширкатҳои байнулмилалии пешсафи хадамоти почтавӣ бори навбатӣ мунҳасир кардани (монополия кардани) тиҷорат аст, ба истилоҳи дигар, тақсимоти дубораи сарчашмаҳои пулии соҳа ба дасти як кас мебошад.
Дар моҳи октябр Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя ба маблағи 3,8 млн доллар барқ интиқол дод
Нақшаи даъвати ҳарбии тирамоҳӣ 100% иҷро шуд
Интиқоли барқи “Роғун” ба Қазоқистон. Бо кадом шарту шароит амалӣ хоҳад шуд?
Амалиёти “зидди тамбашавӣ” дар роҳҳои Душанбе. Беш аз 1000 нақлиёт ба ҷаримагоҳ интиқол ёфт ва ронандагон ҷарима шуданд
“Мо чизе намедонем”. Мурофиаи дуюми чеҳраҳои шинохта боз дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста баргузор шуд
Муштзани тоҷик дар Чин пирӯзӣ ба даст оварда, мукофотпулии хуб гирифт
Ҳушдор аз гардиши пулҳои қалбакӣ. Бонки миллии Тоҷикистон пайомади пардохт бо “Чиптаи Бонкии Шӯхӣ”-ро шарҳ дод
“Танк”-и тоҷик ба рақобатҳояш дар UFC идома медиҳад
Эмомалӣ Раҳмон дар Истаравшан мактабу корхонаи нав ифтитоҳ кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Сулаймон ва Билқис”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Фарход11 октябр, 2017 21:39
Хуб мешуд агар "почтаи точик"- хам рушд мекард зеро почтаи баро пешрафти мамлакатамон бисёр кумак мерасонад.