Имрӯзҳо аз хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ ба бозорҳои пойтахт моҳии тару тоза бо нархҳои дастрас оварда е, хабар медиҳад Вазорати кишоварзӣ.

Ба иттилои манбаъ, тибқи мониторинги гузаронида маълум шуд, ки дар бозорҳои пойтахт моҳиҳои навъҳои судак, гулмоҳӣ, амури сафед, ширмоҳӣ, сазан, талсталобӣ бо нархи аз 25 то 60 сомонӣ барои 1 кило фурӯхта мешаванд.

Гуфта мешавад, айни замон дар ҷумҳурӣ 353 адад ҳавзҳои моҳипарварӣ мавҷуд буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 53 адад зиёд аст.


Ин имкон дод, ки таъмини қариб ҳамаи бозорҳои шаҳри Душанбе бо моҳии тару тозаи истеҳсоли ватанӣ зиёду беҳтар шавад.

Тибқи маълумоти Вазорат, то 1 декабр дар Тоҷикистон 2,8 ҳазор тонна моҳи истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 601 тонна зиёдтар мебошад.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои ахир (солҳои 2010-2018) дар Тоҷикистон наздики 300-500 тонна моҳӣ истеҳсол карда мешуд. Замони шӯравӣ ин нишондиҳанда то ба 4 ҳазор тонна дар як сол мерасид.

Иқтидори умумии кишвар дар истеҳсоли моҳӣ 50 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон ба сурати умум зиёда аз 60 навъи моҳӣ парвариш карда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.