Арзиши бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Тоҷикистон тайи ҳафтаи ахир қариб ба андозаи 10% боло рафта, ба гумони ғолиб ин тамоил давоми моҳ идома меёбад.
Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт имрӯз 1 литр бензини нисбатан арзони тамғаи АИ-92 7,80 сомонӣ нарх дорад ва ин ҳам дар ҳолест, ки ҳафтае пеш он бо арзиши 7-7,20 сомонӣ фурӯхта мешуд. Якбора болоравии нархҳо дар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ ба мушоҳида мерасад.
Ба ин тариқ,1 литр бензини “тамғаи мардумӣ” имрӯз дар Хуҷанд бо арзиши 8 сомонӣ ва Хоруғ - 8,40 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Бино ба маълумоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ, аввали соли равон як литр бензин вобаста ба тамға ва минтақаи кишвар 5,80-6,90 сомонӣ нарх дошт.
Ширкатҳои воридкунанда болоравии нархи бензинро ба қиматшавии нафт ва мутаносибан афзоиши нархҳои содиротӣ дар корхонаҳои коркарди нафти Русия нисбат медиҳанд.
Ғайр аз ин, сабаби болоравии арзиши бензин коҳиши ҳаҷми коркарди нафт дар корхонаҳои Русия дар соли 2020 дар партави пандемия, инчунин беқурбшавии қурби сомонӣ маънидод мешавад.
Тиби арзёбии ширкатҳои воридкунанда, бинобар сабаби фарорасии корҳои саҳроӣ дар фасли баҳор, болорави нарх ба маҳсулти нафтӣ моҳи март низ идома меёбад.
Ҳудуди 90% маҳсулоти нафтиро Тоҷикистон то ин дам аз корхонаҳои коркарди маҳсулоти нафтии шаҳрҳои Омск ва Орски Русия мегирад.
Соли гузашта ба Тоҷикистон 234 ҳазор тонна бензин ворид карда шуд, ки қариб 37% зиёдтар нисбат ба соли 2019 аст. Ба воридоти бензин 35 ширкат машғул буданд.
Мувофиқи омори расмӣ, моҳи январи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи миёнаи наздики 20 млн доллар ҳудуди 44 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шуда, ҳаҷми он аз рӯйи вазн тақрибан 25% ва арзиш - 45% кам шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.