Ширкати амрикоии Amazon ба истеҳсолкунандагон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ иҷоза дод, ки маҳсулоти худро дар ин бузургтарин майдони фурӯши онлайн ба фурӯш гузоранд.
Рӯйхати кишварҳое, ки дар он, аз ҷумла Тоҷикистону Қазоқистон, Ӯзбекистону Қирғизистон ва Туркманистон зикр шудаанд, дар сомонаи расмии Amazon ҷой дода шудааст. Ин кишварҳо ба фурӯши маҳсулоти худ дар ин майдон ҳуқуқ пайдо намудаанд.
То ин дам дар Amazon сабти аккаунтҳои тиҷоратӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ имконпазир буд, лекин истеҳсолкунандагони минтақа ба фурӯши маҳсулот дар ин платформа ҳуқуқ надоштанд. Ҳамчунин барои ба кишварҳои минтақа расонидани харидашон имкон мавҷуд надошт.
Акнун барои сабт дар ин платформа пешниҳоди нусхаи шиноснома, корти қарзии амалкунанда, суратҳисоби бонкӣ, рақами телефон ва маълумот дар бораи пардохти андоз лозим аст. Пас аз бақайдгирӣ сабти ҳисобгиришуда фаъол гардида, майдонҳои ҷаҳонии савдо ба истеҳсолкунанда дастрас мешаванд.
Ширкати фаромилии Amazon бузургтарин дар ҷаҳон платформаи тиҷорати электронӣ мебошад. Қароргоҳи ширкат дар шаҳри амрикоии Сиэтл (штати Вашингтон) воқеъ аст.
Ширкат соли 1994 аз ҷониби Ҷефф Безос ба сифати интернет-мағозаи фурӯши китобҳо таъсис дода шуд. Баъдан ба фурӯши маҳсулоти ҳархела, аз ҷумла видео, МР3, таъминоти барномавӣ, электроника, сарулибос, мебел, хӯрок ва ғайра оғоз намуд.
Айни замон ширкат дорои воҳидҳои нашриётии Amazon Publishing, киностудияи Amazon Studios буда, хатҳои электроникаи маишӣ истеҳсол мекунад. Сомонаҳои ҷудогонаро барои баъзе кишварҳо дастгирӣ намуда, расонидани байнулмилалии чанде аз маҳсулоти худро ба дигар кишварҳо пешниҳод менамояд.
Тибқи фарзияи Forbes, Ҷефф Безос сарватмандтарин шахси дунё аст. Моҳи январи соли 2021 дороии ӯ 187 млрд доллар арзёбӣ шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста