Ӯзбекистону Тоҷикистон дар дарёи Зарафшон ду неругоҳи барқи обӣ (НБО) месозанд.

Дар мусоҳиба бо хабаргузории Kun.uz вазири энергетикаи Ӯзбекистон Алишер Султонов дар ин робита изҳор намудааст, ки сохтмони неругоҳҳо дар ду марҳила ба нақша гирифта шудааст.

“Дар навбати аввал НБО Ёвон сохта мешавад, ки дар як сол 800 млн кВт/соат неруи барқ истеҳсол мекунад, иброз доштааст ӯ. - Арзиши пешакии ин неругоҳ бо иқтидори 140 МВТ 282 млн доллар арзёбӣ мешавад”.
Алишер Султонов
Сурат: kun.uz

Ба гуфтаи вазир, дар марҳилаи дуюм имкони сохтмони НБО “Фондарё”, ки дар як сол ба ҳисоби миёна 600 млн кВт/соат неруи барқ истеҳсол мекунад, мавриди омӯзиш қарор мегирад.

“Барои бунёди ин неругоҳи барқи обӣ бо иқтидори 135 МВт 270 млн доллар маблағ зарур аст”, - гуфтааст вазир.

Султонов таъкид доштааст, ки барои амалисозии ин лоиҳаҳо ҷамъияти саҳҳомии муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон таъсис дода мешавад.

Вазир инчунин гуфтааст, маблағгузорӣ ба лоиҳаҳо аз ҳисоби қарз ва грантҳои ниҳодҳои байнулмитлалии молиявӣ, инчунин аз ҳисоби маблағҳои худии ҳар ду кишвар ба нақша гирифта шудааст.

“Ин неругоҳҳо барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти Ӯзбекистон 1,4 млрд кВт/соат неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза истеҳсол хоҳанд кард”, - илова кардааст Алишер Султонов.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.