Нимсолаи аввали соли равон Тоҷикистон ба маблағи тақрибан 37,3 млн доллар ба хориҷи кишвар неруи барқ содир кард, ки 5,9 млн доллар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.
Тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ ба хориҷи кишвар зиёда аз 917 млн кВт/соат неруи барқ интиқол ёфтааст, ки 9,1% аз ҳаҷми умумии барқи дар ҷумҳурӣ дар ин давра истеҳсолшударо ташкил медиҳад.
Давоми ним сол истеҳсоли неруи барқ каме бештар аз 10 млрд кВт/соатро ташкил додааст, ки 1,7% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.
Айни замон Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ва сарфи назар аз қисмати зиёди шимоли Афғонистонро тасарруф намудани намояндагони ҳаракати “Толибон”, ба ин кишвар низ неруи барқ содир мекунад.
Аввали соли равон ниҳодҳои марбут ба барқи Тоҷикистону Афғонистон дар бораи интиқоли барқ ба Афғонистон дар ҳаҷми ҳудуди 1,5 млрд кВт/соат дар соли 2021 қарордод ба имзо расониданд. Содироти тақрибан ҳамин миқдор ба Ӯзбекистон низ дар назар аст.
Ёдрас мекунем, ки соли гузашта Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 56,4 млн доллар неруи барқ интиқол дод, ки 40% камтар нисбат ба соли 2019 буд. Ин ҳолат камбуди шадиди барқ дар дохили ҷумҳурӣ бар асари камобӣ маънидод шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





КҲФ марги як зану шавҳар дар Рашт бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангиштро тасдиқ кард
Таъини ҷазо барои истеҳсоли “криптовалюта” бо истифода аз “барқи дуздӣ”
Марги як корманди пешини ҳукумати Исфара ҳамроҳи ҳамсар ва духтараш дар пайи заҳролудшавӣ
Дар Тоҷикистон чеҳраи нафақахӯронро шиносоӣ мекунанд
Муҳаммад Наимов баъди шикаст аз намояндаи Бразилия дар "UFC 323" чӣ қадар маблағ гирифт?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 37
Мақомот сӯхтор дар ҳудуди бозори “Корвон"-ро шарҳ доданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 декабри соли 2025
Аз кор озод кардани муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавад. Он чӣ гуна кор мекунад?
Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста