Дар давоми моҳи феврали соли 2021, дар шаҳри Хуҷанд аз тарафи Маркази Ҷумҳуриявии илмию тадқиқотии пиллапарварии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва ҶСК “Пиллаи Тоҷик” бо дастгирии лоиҳаи «Рушди устувори истеҳсоли Абрешим ва маътои Атлас дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон» барномаи SWITCH-Asia, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад,  миззи мудаввар дар мавзуи «Муҳокимаи меъёрхои ҳукуқӣ, барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Паёми Президенти ҶТ оиди дастгири ва рушди соҳа» баргузор гардид.

Дар рафти миззи мудаввар намоядагони Вазорати саноат ва техналогияҳои нави ҶТ, Мақомоти ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ҶСК “Пиллаи Тоҷик”, Маркази ҷумҳуриявии илмию тадқиқотии пиллапарварӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, муттахасиисони соҳа, олимон ва таҷрибадорон иштирок намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ қайд намуданд: «Барои рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва истеҳсоли абрешим, атлас ва адрас ба сохторхои дахлдор ва мақомот зарур аст имкониятҳои мавҷудбударо истифода намоянд, чунки ин барои ҳазорҳо ҷойҳои кории нав, махсусан барои бонувон мегардад». Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020 “Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024” тасдиқ гардид.


Бо мақсади амалигардии барнома дар миззи муддавар масъалаҳои меъёриву хукукии соҳаи кирмакпарварӣ, “Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024” муҳокима карда шуд. Махсусан таваҷҷуҳи зиёд ба Паёми Президенти ҶТ мухтарам Эмомали Рахмон оиди дастгирии сохаи кирмакпарварӣ дар Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, равона карда шуд. Инчунин, шарҳи таҳлилии ҳуқуқӣ, ки дар доираи лоиҳаи РУТСИС дар натиҷаи тадқиқоти гузаронида шуда буд ва пешниходҳое, ки дар доираи Фестивали АТЛАС дар моҳи июни соли 2021 ворид гардида буданд, ба иштирокчиён пешниҳод гардид.

Инчунин, дар доираи мизи мудаввар масъалаҳои таҳкими манбаи хӯрокаи кирмаки абрешим, чораҳои агротехникӣ дар нигоҳдории истифодаи дарахтони тут, қабул намудани чораҳои зарурӣ дар мавсими кирмакпарварӣ низ баррасӣ шуд. Илова бар ин, роҳҳои рушди иноватсионии соҳа дида баромада шуд: дар истеҳсолот ворид намудани селексияҳои мустаҳками ниҳолҳои ба бемориҳо тобовари навъҳои дарахтони тут ва тухмии кирмак низ муҳокима шуд. Дар рафти миззи мудаввар масъалаҳои экологӣ, истифодаи интенсивии об ва аз нав барқарор намудани барқ дар давоми истеҳсолот ва омода намудани абрешими ниҳоӣ низ арзёбӣ шуд. Масъалаҳои шинонидани ниҳолҳо ва нигоҳубин намудани онҳо, баланд бардоштани ҳавасмандии мардум ба соҳа ва омода намудани кадрҳо ва муттахасисони соҳа ҳам дида баромада шуд.

Тибқи баромади намонядаи ҶСК “Пиллаи Тоҷик” дар 4 соли наздик дар Вилояти Суғд ва Хатлон 2 млн ва дар НТБ 300 ҳазор ниҳоли тут  шинонида мешавад.

Барнома коркарди зиёда аз 33 хазор қутии кирмакро дар назар дорад, ки ин барои ба даст овардани 1200 тонна пилла мусоидат менамояд. Аз ин ҳаҷ 800 тоннаи он дар дохили кишвар коркард ва ба истифода дода мешавад, ки ин ба таъмин намудани 66 ҳазор ҷойи кор, мусоидат менамояд. Тоҷикистон соли равон 255 пиллаи коркарднашударо ба маблаги 1млн $ 500 ҳазор (доллари ИМА) содирот намуд.  

Қайд карда мешавад, ки Мақсади умумии Барномаи SWITCH-Asia-и аз тарафи Иттиҳоди Аврупо дастгириёбанда, ин мусоидат намудан барои рушди устувор, пешрафти иқтисодиёт ва сатҳи камбизоатӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Лоиҳа дар муддати се сол амалӣ мегардад ва паҳлуҳои васеъи мавзуъҳои рушди устувор ва имкониатҳои беҳтар намудани занҷири аслии истеҳсоли атлас равона мегардад.

Лоиҳаи мазкур дар доираи барномаи ИА «SWITCH-Asia» бо иштироки намояндагони консортсиум амалӣ мешавад, ки ба узвияти он ташкилот ва корхонаҳои Машваратии Олмон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон: adelphi consult GmbH (Олмон), Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ТҶ «Маркази рушди туризм» (Тоҷикистон), Маркази рушди ҳунармандии Марғилон (Ӯзбекистон) ва Донишгоҳи санъат ва дизайни Burg шомиланд.