Охири соли равон 70% болоравии нархи нуриҳои минералӣ дар назар аст, хабар дода мешавад дар гузориши Кумитаи иҷроияи ИДМ аз 19 августи соли 2022.
Нарх ба нуриҳои минералӣ бо кадом сабабҳо боло меравад?
Дар гузориш зикр мегардад, ки сиёсати ҷорӣ намудани таҳримҳо аз ҷониби кишварҳои Ғарб ба бозори нуриҳои минералӣ таъсири манфии ҷиддӣ расонид.
“Дар баробари маҳдудияти интиқоли онҳо аз Русия ва Беларус, болоравии арзиши нерӯи барқ ва сӯзишворӣ ба нарх таъсири беҳад манфӣ расонд”, - зикр мешавад дар гузориш.
Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, дар семоҳаи аввали соли 2022 нархи нуриҳои минералӣ дар ҷаҳон 10% боло рафта, охири соли 2022 аз афзоиши нархҳо дар ин бахш дар сатҳи 70% интизорӣ меравад.
Дар гузориши моҳи майи соли 2022 гуфта мешавад, нархи нуриҳои азотӣ нисбат ба бӯҳрони соли 2008 ба далели коҳиши тавлиди он, ки дар Аврупо, бахусус, ба афзоиши қимати газ вобаста аст, бештар шудааст. Болоравии нархи нуриҳои фосфатӣ боиси боло рафтани нархи сулфур ва аммиак гардид, ки бузургтарин содиркунандаи он Русия аст.
Қимати калий тақрибан 80% боло рафта, афзоиши ахири нарх дар пайи таҳримҳо алайҳи Беларус ва ҳамчунин қатъи интиқол тавассути бандарҳои Баҳри Сиёҳ пас аз сар задани низоъ дар Украина ба амал омадааст.
Илова бар ин, Литва аз 1 феврали соли 2022 транзити калийро аз Беларус тавассути роҳи оҳани худ манъ кард.
Дар Бонки ҷаҳонӣ ҳамчунин тахмин мезананд, ки соли 2022 нархи калий нисбат ба соли 2021 ба ҳисоби миёна 1,5 маротиба боло хоҳад рафт ва дар соли 2023 дар сурати барқарор нашудани содирот (интиқол) аз Русия ва Беларус ба бозори ҷаҳонӣ, баланд боқӣ мемонад.
Дар интизории ба кор даромадани ду корхона
Болоравии нархи нуриҳои минералӣ ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ хоҳад расонид.
Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2022 ба маблағи беш аз 35 млн доллар ҳудуди 104 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ харидорӣ кардааст.
Ҳар кило нуриҳои воридотӣ ба таъминкунандагон ҳудуди 0,35 доллар (3 сомониву 50 дирам бо қурби 23.08.2022) арзиш дошта, дар савдои чакана 0,97 доллар (ҳудуди 10 сомонӣ барои 1 кг) ба фурӯш меравад.
Афзоиши пешбинишудаи нархи нуриҳои минералӣ мутаносибан ба арзиши аслии маҳсулот таъсир мерасонад ва ин маънои онро дорад, ки нархи ғалладона, зироатҳои лӯбиёгӣ, сабзавот ва мева метавонад боз ҳам баландтар шавад.
Соли гузашта ба ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 42 млн доллар 198 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ ворид карда шуда буд.
Нархи он барои таъминкунандагон барои як кг 0,22 доллар (2 сомониву 25 дирам) рост омада, 1 килои онро дар савдои чакана 5 сомонӣ мефурӯхтанд.
Сохтори воридотро қариб 95% фоиз нуриҳои азотӣ, 1% нуриҳои фосфорию калий ва каме бештар аз 4% нурихои комплексӣ ташкил медиҳад.
Саъдӣ Каримзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон дар нишасти хабарии моҳи июли соли ҷорӣ зикр кард, ки хоҷагиҳои деҳқонии кишвар ба 750 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ ниёз доранд.
Барои қонеъ гардондани эҳтиёҷоти худ ба нуриҳои минералӣ ояндаи наздик дар Тоҷикистон ду корхонаи истеҳсоли он боз мешавад. Дар ин бора зимни нишасти хабарии чанде қабл вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир хабар дод.
Яке аз ин корхонаҳо - «Азия-Кемикал», собиқ «Азот», бояд тирамоҳ ба кор шурӯъ кунад. Пешбинӣ шудааст, ки дар як сол 180 ҳазор тонна нуриҳои азотӣ, карбамид ва селитра истеҳсол карда мешавад. Корхонаи дуюм лоиҳае хоҳад буд, ки аз ҷониби “ТАЛКО Кемикал” амалӣ мешавад. Дар он истеҳсоли нуриҳои фосфатӣ, аз ҷумла суперфосфат ва нитрофосфат ба роҳ монда мешавад.
Аммо айни замон дар Тоҷикистон ягон грамм нуриҳои минералӣ истеҳсол карда намешавад. Маҳсулоти воридотӣ аз хориҷа ҳамагӣ аз чор як ҳиссаи талаботи бахши кишоварзиро қонеъ мегардонад. Натиҷа ин аст, ки Тоҷикистон аз рӯи нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонии ҳосилнокии парвариши бисьёр навъҳои зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла пахта, ғалла, зироатҳои равғандор ва баъзе навъҳои сабзавоту мева дар зинаҳои поёнӣ қарор дорад.