Фермерҳо ва мутахассисони бахши кишоварзӣ мегӯянд, болоравии имконпазири нархи биринҷ (шолӣ) дар Тоҷикистон на ба вазъият дар Қазоқистон, балки ба болоравии арзиши аслии маҳсулоти дар дохили кишвар истеҳсолшуда вобаста хоҳад буд.
Бино ба маълумоти сомонаи Orda.kz, соли гузашта нархи миёнаи чаканаи 1 кило биринҷ дар Қазоқистон аз 473 танга (11,26 сомонӣ) то ба 654 танга (15,57 сомонӣ) боло рафта буд.
Таҳлили маълумоти оморӣ нишон медиҳад, ки дар тобистон дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ арзиши биринҷ боло рафтааст. Аммо дар мавсими тирамоҳу зимистон нархи биринҷ маъмулан поин меравад.
Ҳоло дар Тоҷикистон пас аз ҷамъоварии ҳосили нав нархи миёнаи биринҷ дар муқоиса бо тобистон, ки як кило биринҷ ба ҳисоби миёна беш аз 20 сомонӣ арзиш дошт, то 15 сомонӣ поин рафтааст.
Ҳоло дар Тоҷикистон пас аз ҷамъоварии ҳосили нав нархи миёнаи биринҷ дар муқоиса бо тобистон, ки як кило биринҷ ба ҳисоби миёна беш аз 20 сомонӣ арзиш дошт, то 15 сомонӣ поин рафтааст.
Кишоварзон бар ин назаранд, ки нархи биринҷ дар Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта 5-10% боло хоҳад рафт, аммо чунин ҷаҳиши нарх ба мисли Қазоқистон дар назар нест.
Сабаби болоравии нарх таваррум, зиёдшавии талабот ба биринҷ дар робита ба афзоиши талаботи аҳолӣ ва баланд шудани арзиши аслии маҳсулот мебошад.
Гап дар сари он аст, ки парвариши шолӣ хеле заҳматталаб аст. Шоликорони Тоҷикистон бо гаронии тухмии кишт, маводи сӯзишворӣ ва молиданӣ, хидматрасонии техника ва ҳифзи кимиёвӣ дучор мешаванд.
Ғайр аз ин, арзиши кирои коргарон барои шинонидан (кишт) ва ҷамъоварии ҳосили шолӣ ду баробар зиёд шуд.
Лекин...
Дар Тоҷикистон биринҷ ба ҳеҷ ваҷҳ камёфт нахоҳад шуд
Давоми се соли охир дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли шолӣ қариб 47% афзуд. Агар то соли 2018 дар ҷумҳурӣ солона то 90 ҳазор тонна шолӣ рӯёнида мешуд, пас дар се соли охир ин рақам зиёда аз 130 ҳазор тонна дар як солро ташкил медиҳад.
Дар бораи ҳосили соли 2023 ҳанӯз маълумоти дақиқ вуҷуд надорад, аммо тибқи пешгӯиҳо, ҳосил бояд дар доираи ҳаҷми соли гузашта бошад.
Илова бар ин, дар Тоҷикистон ҳосилнокии навъҳои шолии парваришмеёфта маъмулан баланд буда, ба 8 тонна аз ҳар гектар мерасад ва аз рӯи ин нишондод Тоҷикистон дар қатори кишварҳое, чун Австралия, ИМА, Миср, Корея ва дигар давлатҳо дар қатори даҳгонаи аввал дар ҷаҳон қарор дорад.
Тоҷикистон бо афзоиши парвариш дар дохили кишвар воридоти биринҷро тадриҷан коҳиш медиҳад. Ғайр аз ин, ба ҷуз Қазоқистон, воридоти биринҷ аз дигар кишварҳо, аз ҷумла Чин, Ветнам, Таиланд, Ҳиндустон, Русия ва ғайра ба роҳ монда шудааст.
Бино ба маълумоти Хадамоти гумрук, дар 10 моҳи соли 2023 Тоҷикистон ба маблағи 7,3 млн доллар беш аз 22,4 ҳазор тонна биринҷ харидааст. Соли гузашта ба маблағи 11 млн доллар 32,4 ҳазор тонна биринҷ ворид карда шуда буд.
Ба ин тариқ, ҳаҷми бозори биринҷ дар Тоҷикистон солона дар ҳудуди 150-160 ҳазор тонна арзёбӣ мешавад. Ва ин барои пурра қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ кофист. Аз ин рӯ, дар Тоҷикистон биринҷ камёфт нахоҳад шуд.