Ду бонки муфлисшудаи Тоҷикистон “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” дар се соли охир - аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2024 каме бештар аз 400 млн сомонӣ маблағи муштариёнашонро пардохт кардаанд. Дар ин бора Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Номбурда гуфт, дар ин давра “Агроинвестбонк” 195 млн сомонӣ ва “Тоҷиксодиротбонк” 212 млн сомонӣ маблағи муштариёнро баргардонидаанд.
Раиси БМТ нагуфт, ки маблағи пардохтнашудаи муштариёни ин ду бонк чӣ қадар боқӣ мондааст. Ҳамин тариқ, дақиқ маълум нест, ки то ҳол ин ду бонки замоне низомсози Тоҷикистон дар тамоми давраи муфлисшавии худ чӣ қадар маблағи муштариёнашонро баргардонидаанд.
Дар ҳамин ҳол, Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон дар моҳи феврали соли гузашта гуфта буд, ки то 31-уми декабри соли 2024 уҳдадории “Тоҷиксодиротбонк” дар назди муштариёнаш 1 миллиарду 243 миллион сомонӣ боқӣ мондааст ва то пурра пардохт кардани ин қарзҳо масъалаи барҳам додани бонк мавқуф гузошта шудааст.
Ин дар ҳоле, ки дороиҳои “Тоҷиксодиротбонк” 3 млрд 888 млн сомонӣ аст.
“Агроинвестбонк” - бонки дигари муфлисшуда то 31-уми декабри соли 2022, бештар аз 1 млрд 600 млн сомонӣ дороӣ ва 1 млрд 400 млн сомонӣ уҳдадорӣ дошт.
Фирдавс Толибзода имрӯз, 7-уми август дар нишасти матбуотӣ дар бораи бонки дигари муфлисшуда “Тоҷпромбонк суҳбат карда гуфт, маблағи муштариёни “Тоҷпромбонк” 30 млн сомонӣ боқӣ мондааст.
Ҳамин тавр, то аввали соли 2024 “Тоҷпромбонк” - 80, “Тоҷиксодиротбонк” - 70 ва “Агроинвестбонк” - 40 дарсади маблағи амонату пасандоз гузоштаи муштариёнашонро баргардонида буданд.
Таърихи бонкҳои муфлисшуда
Бояд гуфт, ки шуруъ аз соли 2016 “Тоҷпромбонк”, “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” бо мушкили пардохтпазирӣ дучор шуда, то имрӯз дар марҳилаи барҳамдиҳии маҷбурӣ қарор доранд.
Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаҳои “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”-ро ҳам 26-уми майи соли 2021 бозхонд карда буд.
Амонатгузорону пасандозгузорони ин бонкҳо, солҳо инҷониб тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо шикоят мекунанд, ки наметавонанд маблағҳои худро бозпас гиранд ва мудирони махсусу барҳамдиҳандагони Бонки миллии Тоҷикистон таъинкарда ҳам наметавонанд ба доди онҳо расидагӣ кунанд.
Ёдовар мешавем, ки мувофиқи қонунгузории ҷумҳурӣ, муҳлати асосии маҷбуран барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ 2 солро ташкил медиҳад. Агар ин муҳлат кофӣ набошад, тариқи муроҷиат ба суд, ҷараёни барҳамдиҳиро метавон боз 2 соли дигар тамдид намуд.
“Заволи пиряхҳо” – филми мустанад оид ба хатари обшавии пиряхҳои Тоҷикистон
Бидуни журнали анъанавӣ. Дар кадом мактабҳои Душанбе истифодаи журнали электронӣ ҷорӣ шудааст?
Artel. Бузургтарин фабрикаи истеҳсоли техникаи маишӣ чӣ тавр фаъолият мекунад?
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Стипендия ба номи Соҳиб Табаров таъсис дода шуд
Китоби “Тоҷикон”-ро нагирифтед? Аз ҳукуматҳои маҳаллӣ пурсед!
Корхонаи коркарди нафти Данғара шарик ва ашёи хом барои коркард меёбад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Тарсутар аз тарсу”
Далер Назаров ҷоизаи давлатӣ гирифт
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои вилоят баста мешавад?
Дар Қирғизистон “Толибон”-ро махфиёна аз рӯйхати созмонҳои террористӣ хориҷ карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста