Душанбе. 3-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Субҳи имрӯз дар километри 30-юми роҳи мошингарди Душанбе - Қӯрғонтеппа садамаи автомобилӣ рух дод, ки бар асари он ҳамаи аъзои оила ба ҳалокат расиданд.
Аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки сардори шӯъбаи 2-юми Раёсати фаврӣ ва ҷустуҷӯии Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ Сафармурод Бобоев аз ӯҳдаи идораи мошини хизматиаш «Нива-Шевроле» набаромада, ба садама дучор шудааст.
«Мошин аз ҷарӣ парида, ба чуқурӣ сарозер рафтааст. Бар асари он С.Бобоев ва ҳамсари ӯ дар ҷои ҳодиса ҳалок гашта, писарашон ҷароҳатҳои вазнин бардоштааст ва айни замон дар беморхона, дар шӯъбаи эҳё қарор дорад.
Дар бораи ҷузъиёти дигари ҳодиса алҳол хабар дода нашудааст.
Нархи “утилизатсия” танҳо барои мошинҳои воридшаванда боло меравад
Рӯзи матбуоти тоҷик. Имсол ба 9 нафар ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ тақдим гардид
Имтиёзҳои андозӣ ба корфармоҳое, ки шахсони дорои маъюбиятро ба кор мегиранд
Таътили баҳории хонандагони мактабҳо чанд рӯз давом мекунад?
Сироҷиддин Насриддинов – дипломат ва аввалин сафири Тоҷикистон дар Русия 85-сола шуд
ICB рушди футболи миллиро дастгирӣ мекунад
Тоҷикистон vs Ӯзбекистон. Чемпионат ва футболбозони ду кишвар чӣ қадар нарх доранд?
Имрӯз сокинони баъзе кӯчаву хиёбонҳои Душанбе то бегоҳ бебарқ мемонанд
Ҷаримаи 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар Душанбе
Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳои хавфи пасти ифротгароӣ дохил шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста