Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон бар асари садамаи нақлиётӣ се нафар фавтида, се нафари дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд.

Аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии (БДА ВКД) ҶТ хабар доданд, ки шоми дирӯз ронандаи автомашинаи сабукрави навъи ВАЗ-469 Насруддин Шарифов ҳангоми ҳаракат ба самти ноҳияи Ховалинг аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромадааст ва он чаппа гаштааст.

«Дар натиҷа ронанда ва ду мусофир дар ҷои ҳодиса ҳалок гашта, се мусофири дигар бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба беморхона бурда шуданд», - афзуд манбаъ.

Мувофиқи маълумоти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 6 ҳодисаи садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд, ки бар асари он 5 нафар ба ҳалокат расида, 11 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.