Ҳавопаймои ширкати «Тоҷик Эйр», ки аз шаҳри Хоруғ ба Душанбе раҳсипор гардида буд, баъди чанд муддате бозпас дар фурудгоҳи Хоруғ нишаст.

Ин ҳодиса нимаи дуюми рӯзи душанбе ба вуқӯъ пайваста, яке аз муҳаррикҳои ягона ҳавопаймои Ан-28-и ширкат аз кор бозмондааст. Им муҳаррик ҳамагӣ чанде пеш аз таъмир бароварда шудааст.

«Айни замон мо гуфта метавонем, ки ин ҳолати ногувор ба нуқси техникӣ дар яке аз муҳаррикҳои ҳавопаймо рабт дорад», - хабар дод ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ширкати «Тоҷик Эйр» Азиз Хайруллоев.

Ба гуфтаи ӯ, ҳеҷ кадоме аз мусофирони ҳавопаймои мазкур осеб надида, ҳамаашон тариқи чархболи Ми-8 ба Душанбе фиристода шуданд.

«Пас аз анҷоми санҷиши техникӣ, ки аллакай оғоз гардид, доир ба сабабҳои ба вуқӯъ пайвастани ин ҳодиса маълумоти муфассалтар пешниҳод хоҳад шуд», - гуфт номбурда.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.