Ҷасади Суннатулло Ҷӯраеви 27-сола, ки чанде қабл бар асари садамаи нақлиёт дар вилояти Саратови Русия ҳалок шуд, шоми дирӯз ба Душанбе оварда шуд. Маҳз Ҷӯраев микроавтобусро идора мекардааст, ки ба ҷуз худаш дар он боз 10 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур доштанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе хабар доданд, ҷасади зодаи ноҳияи Шаҳритӯс Суннатулло Ҷӯраеви 21-сола шоми рӯзи 1 ноябр ба Душанбе оварда шудааст. Тибқи маълумоти ВАО-и Русия, маҳз Ҷӯраев микроавтобусеро, ки автомашинаи боркаши КамАз ба он бархӯрд, идора мекардааст.

Дар автомашина ҳамроҳи ӯ боз 10 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур доштанд. Дар ҷойи ҳодиса ронанда ва боз 4 нафари дигар ҳалок шуда, шаш тани боқимонда бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористонҳо бистарӣ шуданд.

Тибқи маълумоти пешакии ВКД, дар ин садама ронандаи 28-солаи автомашинаи «КамАз» ба микроавтобуси дар шоҳроҳ ҳаракатдошта роҳ надодааст. Ронандаи КамАз боздошт ва ба ӯ 7 соли зиндон таҳдид мекунад.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳамчунин шахсияти нафари 5-уми ҳалокшударо дар ин садама муайян кард, ки ӯ Тоҷимуродов Муҳаммадшо Усмонович, с/т 27.01.1989 сол, зодаи ноҳияи Ёвон аст.

«Баъди анҷоми ташхисҳои судиву тиббӣ, ҷасади ҳалокшудагон марҳила ба марҳила ба ватан фиристода мешавад», - хабар дод ба «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Маскав Сарвар Бахтӣ.