Тоҳир Ҳабибови 20-сола, сарбози қисми низомии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар қаламрави шаҳри Кӯлоб рӯзи 26 октябр ба худкушӣ даст зад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаи огаҳ аз ҷараёни ин ҳодиса дар Вазорати мудофиа хабар дод, сарбоз ба ин амал аз ишқи нокомаш даст задааст.

Ба иттилои манбаъ, сарбоз хубу бидуни танбеҳ аз ҷониби фармондеҳон хизматро адо карда, бо ҳамхизматонаш низ муносибати хуб доштааст.

«Пеш аз ин ҳодиса тариқи телефон ба ӯ хабар медиҳанд, ки духтари дӯстдоштааш дар Ишкошим бо каси дигар издивоҷ мекунад, - гуфт манбаъ. - Аз ин рӯ, сарбоз ин амали фоҷеаборро анҷом медиҳад».

Дар Вазорати мудофиа хабар доданд, ки фарзияи дар боло зикршуда дар тафтишот асосӣ буда, тафтиши ин ҳодиса дар Сарпрокуратураи ҳарбии ҷумҳурӣ идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.