Пас аз ҷустуҷӯҳои дуҳафтаина шоми 31-уми август наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар минтақаи Зарафшон ҷасади Гулҳавас Шоҳмирзоева 33-соларо аз ҳудуди маркази ноҳияи Айнӣ, соҳили дарёи Зарафшон мавзеъи зеристгоҳи барқӣ пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷустуҷӯи се ҷасади дигар аҳли ин оила идома дорад.
Ёдрас мекунем, ки субҳи 14 август 4 нафар сокинони деҳаи Махшевад, дар мавзеъи Куруни Сиёҳи ноҳияи Айнӣ ҳангоми убур бо заврақи худсохт аз болои дарёи Искандар дар об ғарқ шуданд.
Он замон 4 тан аз аҳли оила: Исмоил Шоҳмирзоеви 61-сола, духтарӣ ӯ - Гулҳавас Шоҳмирзоеваи 33-сола, келини хонадон - Наврӯзмо Пироваи 30-сола ва набераи 2-солаи оила Пурдил Наврӯзов ғарқ шуданд. Ҳеҷ кадоме аз онҳо либос ё лавозимоти наҷот аз об ҳангоми ғарқшавӣ надоштаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.