Наҷотбахшони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ВМКБ ҷасади як занро аз дарёи Ғунд берун оварданд.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти Кумита, баъди баровардани ҷасад аз дарё маълум гардидааст, ки ӯ як зани 57-сола сокини ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ будааст.
Гуфта мешавад, сабаби даст ба худкушӣ задани ӯ маълум нест. Ҷасад барои таҳқиқу тафтиш ба мақмоти дахлдор супурда шудааст.
Дар ҳамин ҳол, имрӯз дар саҳифаи ParvizTV дар шабакаи Facebook навори видео нашр шуд, ки дар он як ҷавон худро аз пули паҳлӯи Корхонаи нассоҷӣ (Текстилкомбинат) воқеъбуда ба замин афканданӣ буд.
Дар навори видеои дигар ҳодисаи наҷоти як духтар нашр шудааст, ки аз пул худро ба Сирдарё партофтанӣ буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.