Қӯрғонтеппа/Хуҷанд. 12-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Соли равон мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон 259 адад силоҳи оташфишонро мусодира карданд, ки онҳо аз 102 автомат, 43 туфангча, 59 карабин, 70 милтиқи шикорӣ, 1 дастгоҳи тарканда ва 30-то навъи дигари аслиҳаи оташфишон иборат мебошанд. Сардори ситоди Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон Ҷӯрахон Маъдиев мегӯяд, дар 8 моҳи соли гузашта 324 адад силоҳи оташфишон мусодира шуда буд.

Тайи ҳамин давра дар вилояти Суғд 164 адад силоҳи оташфишон мусодира гардидааст, ки он аз 3 автомат, 4 туфангча, 1 норинҷакандоз, 7 адад силоҳи буранда ва 150 силоҳи милаш ҳамвор, 2 норинҷак ва 257 тир иборат аст. Аз Раёсати умури дохилии вилояти Суғд хабар доданд, ки ин рақам дар ҳамин давраи соли гузашта ба 243 адад баробар буд. Дар давраи мазкур дар вилояти Суғд бо истифода аз силоҳи оташфишон як ҷиноят содир карда шудааст.